Маркази тарҷумаи Равод — 71
3:158 Ва агар бимиред ё [дар арсаи ҷиҳод] кушта шавед, яқинан ба сӯйи Аллоҳ таоло маҳшур мешавед
3:159 [Эй паёмбар] Ба [сабаби] раҳмати илоҳӣ аст, ки ту бо онон [асҳоб] нармхӯ [ва меҳрубон] шудӣ; ва агар тундхӯ ва сангдил будӣ, ҳатман, аз атрофат пароканда мешуданд; пас, аз эшон даргузар ва барояшон омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онон машварат кун ва он гоҳ ки тасмим [бар анҷоми коре] гирифтӣ, бар Аллоҳ таоло таваккал кун; [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло таваккалкунандагонро дӯст медорад
3:160 Агар Аллоҳ таоло шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо пирӯз нахоҳад шуд ва [аммо] агар шуморо ба худ вогузорад, кист, ки пас аз Ӯ ёриатон кунад? Ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
3:161 Ва сазовор нест ҳеҷ паёмбаре [бо гирифтани саҳми изофӣ аз ғаноим ба асҳобаш] хиёнат кунад; ва ҳар ки хиёнат кунад, рӯзи қиёмат, бо он чи [дар он] хиёнат кардааст, меояд; сипас ба ҳар кас подоши ҳар чи [аз неку бад] кардааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд
3:162 Оё касе, ки хушнудии Аллоҳро металабад, ҳаммонанди касест, ки ба хашме аз Аллоҳ таоло дучор шуда ва ҷойгоҳаш дӯзах аст? Ва [дӯзах] чи бад ҷойгоҳест!
3:163 [Ҳар як аз] Эшон дараҷот [-и мутафовит]-е назди Аллоҳ таоло доранд ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунанд, биност
3:164 Ба ростӣ, Аллоҳ таоло бар муъминон миннат ниҳод, ки миёни онон паёмбаре аз худашон барангехт, то оёти Ӯ [Қуръон]–ро бар эшон бихонад ва [аз гуноҳ] покашон гардонад ва ба онон китоби [Қуръон] ва ҳикмат [суннат] биёмурзад; дар ҳоле ки дар гузашта дар гумроҳии ошкоре буданд
3:165 [Эй муъминон] Оё чун ба шумо [дар ҷанги Уҳуд] мусибате расид – [бо он ки дар ҷанги Бадр] ду баробарашро [ба душманони худ] расондед – гуфтед: "Ин [мусибат] аз куҷо [ба мо] расид"? [Эй паёмбар] Бигӯ: "Он [шикаст] аз ҷониби худатон [ва натиҷаи нофармонӣ аз дастури паёмбар] аст". Бе гумон, Аллоҳ таоло ба ҳар коре тавоност