>

Маркази тарҷумаи Равод — 70

3:154 Сипас [Аллоҳ таоло] баъд аз он андӯҳ оромише бар шумо фурӯ фиристод, [ба гунае] ки гурӯҳе аз шуморо [ба сабаби итминону оромише, ки дар дилҳояшон буд] хоби сабук фаро гирифт ва гурӯҳи дигар [мунофиқин] танҳо дар фикри ҷони худ буданд ва дар бораи Аллоҳ таоло гумонҳои нораво [ва ботиле] ҳамчун гумонҳои [даврони] ҷоҳилият доштанд. Онон мегуфтанд: "Оё мо дар ин кор ихтиёре дорем"? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳамаи корҳо [ва шикасту пирӯзӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст". Онҳо чизеро дар дилҳояшон пинҳон медоранд, ки барои ту ошкор намесозанд, [ва] мегӯянд: "Агар дар ин кор ихтиёр доштем, дар ин ҷо кушта намешудем". Бигӯ: "Агар шумо дар хонаҳои худ низ будед, касоне, ки кушта шудан бар онон муқаррар шуда буд, ҳатман, [бо пойи худ] ба сӯйи қатлгоҳҳои хеш мерафтанд". Ва [ин рӯйдодҳо] барои он аст, ки Аллоҳ таоло он чиро дар синаҳоятон [пинҳон] доред [дар амал] биёзмояд ва он чиро дар дилҳоятон аст, пок гардонад; ва Аллоҳ таоло ба [рози] даруни синаҳо доност

3:155 [Эй асҳоби паёмбар] Афроде аз шумо, ки дар рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [мусулмонон ва кофирон дар ҷанги Уҳуд] фирор карданд, дар ҳақиқат шайтон ононро ба сабаби баъзе аз кирдор [ва гуноҳон]-е, ки муртакиб шуда буданд, ба инҳироф кашонд ва, ҳатман, Аллоҳ таоло аз онон даргузашт. Бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст

3:156 Эй касоне, ки имон овардаед, монанди афроде набошед, ки куфр варзиданд ва дар бораи бародаронашон – ҳангоме ки [дар пайи касби рӯзӣ] ба сафар рафтанд [ва мурданд] ё дар ҷанг ширкат карданд [ва кушта шуданд] – гуфтанд: "Агар онон назди мо буданд, намемурданд ва кушта намешуданд". [Ин эътиқод дар вуҷудашон ниҳода шуд] То Аллоҳ таоло [бад-ин гуна андӯҳ ва] ҳасрате дар дилҳояшон карор диҳад; ва Аллоҳ таоло [аст, ки] зинда мекунад ва мемиронад; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност

3:157 Ва агар дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шавед ё бимиред, ҳатман, омурзиш ва раҳмати Аллоҳ таоло беҳтар аст аз чизе [ки] онон [дунёдӯстон] ҷамъ мекунанд