>

Маркази тарҷумаи Равод — 7

2:38 Гуфтем: "Ҳамагӣ аз он [биҳишт] фуруд оед ва ҳар гоҳ аз ҷониби Ман раҳнамуде бароятон омад, касоне, ки аз он [ҳидоят] пайравӣ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд"

2:39 Ва касоне, ки кофир шуданд ва нишонаҳои [қудрату яктоии] моро дурӯғ пиндоштанд, онон аҳли дӯзаханд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд

2:40 Эй Бани Исроил [фарзандони Яъқуб], неъматҳоеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва ба паймоне, ки бо ман бастаед, вафо кунед, то Ман низ ба паймони [худ бо] шумо [дар бораи неъматҳои дунё ва охират] вафо кунам ва танҳо аз ман битарсед

2:41 Ва ба он чи нозил кардаам [Қуръон] имон биёваред, ки тасдиқкунандаи чизест, ки бо шумост ва нахустин кофир ба он набошед ва оёти маро ба баҳои ночиз нафурӯшед ва танҳо аз Ман битарсед

2:42 Ва, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед, ҳақро бо ботил наёмезед ва онро китмон [пинҳон] накунед

2:43 Ва намоз барпо доред ва закот бипардозед ва бо намозгузорон намоз бихонед

2:44 Оё, дар ҳоле ки китоби [Таврот] – ро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳеду худро фаромӯш мекунед? Оё намеандешед?

2:45 Ва аз сабру намоз ёрӣ ҷӯед; ва ба ростӣ, ки он [намоз] ҷуз ба фурӯтанон душвору гарон аст

2:46 Ҳамон касоне, ки яқин доранд, ки ба дидори Парвардигори хеш ноил хоҳанд шуд ва ба пешгоҳи Ӯ бозмегарданд

2:47 Эй Бани Исроил, неъматҳоеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд оваред ва [низ] ин ки шуморо [ба далели бархӯрдорӣ аз ҳидоят] ба ҷаҳониён бартарӣ додам

2:48 Ва аз рӯзе битарсед, ки касе чизе [аз азоби Аллоҳ таоло] – ро аз касе дафъ намекунад ва аз ӯ шафоат пазируфта намешавад ва на ғаромату фидяе гирифта мешавад ва на ёрӣ мешаванд