Маркази тарҷумаи Равод — 69
3:149 Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз касоне, ки куфр варзидаанд, итоат кунед, шуморо [ба куфр] бозмегардонанд, онгоҳ [дар дунё ва охират] зиёндида мегардед
3:150 [Бар кофирон такя накунед], балки Аллоҳ таоло [ёру] корсози шумост ва Ӯ беҳтарин ёригарон аст
3:151 Ба зудӣ дар дилҳои касоне, ки куфр варзиданд, биму ҳарос хоҳем афканд; бад-ин хотир, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор додаанд, ки ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст; ва ҷойгоҳашон оташ аст ва ҷойгоҳи ситамгорон чӣ бад аст!
3:152 Ва он гоҳ ки [дар оғози ҷанги Уҳуд] ба фармони Ӯ онон [кофирон]-ро мекуштед, ба ростӣ, Аллоҳ таоло ваъдаи худро ба шумо таҳаққуқ бахшид, то [тарсидед ва дар ҳифзи мавқеияти худ] суст шудед ва дар кор [-и ҷангу ҷамъоварии ғанимат] бо якдигар ба низоъ пардохтед; ва пас аз он ки [Аллоҳ таоло] он чиро дӯст медоштед [пирӯзӣ], ба шумо нишон дод, [аз дастури паёмбар] сарпечӣ кардед; бархе аз шумо хоҳони дунё буданд ва бархе хоҳони охират. Сипас [Аллоҳ таоло] барои он ки шуморо биёзмояд, аз [таъқиби] онон мунсариф [рӯгардон]-атон атон кард [ва пирӯзиятон ба шикаст анҷомид] ва [чун аз гуноҳ ва кӯтоҳии худ дар нофармонӣ аз расул пушаймон шудед] аз шумо даргузашт; ва Аллоҳ таоло нисбат ба муъминон бахшоиш [-и бисёр] дорад
3:153 Ва [эй муъминон, ба ёд оваред] ҳангоме ки [дар ҳоли гурез аз кӯҳ] боло мерафтед ва [чунон тарсида будед, ки] ба ҳеҷ кас таваҷҷуҳ намекардед ва паёмбар [ки дар майдони ҷанг муқовимат мекард] аз пушти саратон шуморо садо мезад [ки: "Эй бандагони Аллоҳ таоло, ба сӯйи ман бишитобед"; вале шумо таваҷҷуҳ намекардед]; пас, [Аллоҳ таоло низ] бо андӯҳе дар пайи андӯҳи [дигар] муҷозотатон кард. Ин бад-ин хотир буд, ки бар он чи аз даст додаед [пирӯзӣ ва ғанимат] ва он чи бар саратон омадааст [шикасту тарс], андӯҳгин нашавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст