Маркази тарҷумаи Равод — 68
3:141 Ва [моҷарои Уҳуд василаи имтиҳон буд] то Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд [аз гуноҳонашон пок кунад] ва холис гардонад ва кофиронро нобуд созад
3:142 [Эй асҳоби Муҳаммад], оё пиндоштаед, ки [танҳо бо иддаои имон] ба биҳишт меравед, ҳол он ки Аллоҳ таоло ҳанӯз ҷиҳодгарону шикебоёни шуморо маълум надоштааст?
3:143 Ва [эй муъминон] ба ростӣ, ки пеш аз рӯёрӯ шудан бо марг [дар ғазваи Уҳуд] орзуи шаҳодат доштед. Саранҷом он [маъракаи ҷанг]-ро дидед ва [акнун пешорӯйи шумост ва] ба он менигаред
3:144 Ва Муҳаммад ҷуз фиристодае нест, ки пеш аз ӯ [низ] фиристодагоне [буданд ва] гузаштанд. Оё агар ӯ бимирад ё кушта шавад, ба ақиб бозмегардед [ва дини худро раҳо мекунед]? Ва ҳар ки [аз ақидаи ростини худ] бозгардад, [бидонад, ки] ҳаргиз ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонад ва [ба зудӣ] Аллоҳ таоло сипосгузоронро подош хоҳад дод
3:145 Ва ҳеҷ касе ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло намемирад, [чаро ки марг] сарнавиште аст замондор [ва муайян]; ва ҳар ки подоши ин дунёро бихоҳад, насибаш мекунем ва ҳар ки подоши охиратро бихоҳад [низ] насибаш хоҳем кард ва [ба зудӣ] сипосгузоронро подош хоҳем дод
3:146 Ва чи бисёр паёмбароне, ки тӯдаҳои анбӯҳе ҳамроҳашон набард карданд; онон ҳеҷ гоҳ дар баробари [сахтиҳо ва] он чи, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ба эшон расид, сустӣ наварзиданд ва [дар муқобили душман] дармонда нашуданд; ва Аллоҳ таоло шикебоёнро дӯст медорад
3:147 Ва суханашон танҳо ин буд, ки: "Парвардигоро, гуноҳонамонро биёмурз ва аз зиёдаравии мо дар корамон [даргузар] ва гомҳоямонро устувор бидор ва моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон"
3:148 Пас Аллоҳ таоло, подоши ин дунё ва подоши неки охиратро ба онон ато кард; ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад