>

Маркази тарҷумаи Равод — 67

3:133 Ва ба сӯйи омурзиши Парвардигоратон ва биҳиште бишитобед, ки густура [паҳно]-и он [ба андозаи] осмонҳо ва замин аст [ва] барои парҳезгорон муҳайё шудааст

3:134 Он касоне, ки дар [ҳангоми] тавонгарӣ ва тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми худро фурӯ мебаранд ва аз мардум дармегузаранд; ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад

3:135 Ва [ҳамон] касоне, ки чун муртакиб [-и гуноҳи бузург ва] кори зиште шуданд ё [бо анҷоми дигар гуноҳон] бар худ ситам карданд, Аллоҳро ба ёд меоваранд ва барои гуноҳонашон омурзиш мехоҳанд – ва ҷуз Аллоҳ таоло чи касе гуноҳонро меомурзад? – Ва бар он чи кардаанд пофишорӣ намекунанд, дар ҳоле ки медонанд [гунаҳкоранд ва Аллоҳ таоло бахшоянда ва тавбапазир аст]

3:136 Подоши эшон омурзише аз [ҷониби] Парвардигорашон аст ва боғҳое, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он мемонанд; ва подоши [накукорон ва] аҳли амал чӣ накуст!

3:137 [Эй осебдидагони Уҳуд] Бе тардид, пеш аз шумо [низ миллатҳо ва] суннатҳое гузаштааст; пас, дар замин бигардед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст

3:138 Ин [Қуръон] баёни ошкор барои мардум ва ҳидояту андарзе барои парҳезгорон аст

3:139 Ва [эй муъминон, аз ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ таоло] суст нашавед ва андӯҳгин нагардед; ва [бидонед, ки] агар имон дошта бошед, шумо бартаред

3:140 Агар [дар Уҳуд] ба шумо газанде расид, ба душманони шумо низ [дар ҷанги Бадр ба ҳамон шакл] осеб расид [пас, муқовимат кунед]. Мо ин рӯзҳо [-и шикасту пирӯзӣ]-ро миёни мардум мегардонем, то Аллоҳ таоло, муъминон [-и воқеӣ]-ро маълум дорад ва аз шумо муъминон [онеро, ки собитқадам аст] бар дигарон гувоҳ гирад; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро дӯст намедорад