Маркази тарҷумаи Равод — 66
3:122 Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки ду гурӯҳ аз шумо [Бани Салама ва Бани Ҳориса] хостанд сустӣ варзанд [ва ҳамроҳи мунофиқон ба Мадина бозгарданд]; вале Аллоҳ таоло ёвар [-у нигаҳдор]-и онон буд; ва муъминон бояд танҳо бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
3:123 Ва [эй муъминон] бе гумон, Аллоҳ таоло шуморо дар [ҷанги] Бадр дар ҳоле ёрӣ кард, ки [ба сабаби камбуди афрод ва аслиҳа] нотавон будед; пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки сипос гузоред
3:124 [Эй паёмбар, ба ёд овар] он гоҳ ки ба муъминон мегуфтӣ: "Оё бароятон кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо бо се ҳазор фаришта, ки [аз осмон] фуруд меоянд, ёрӣ кунад"
3:125 Оре, агар шикебоиву порсоӣ кунед ва душманон дар ин [ҳаяҷон ва] шитоби хеш бар шумо битозанд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор фариштаи нишондор ёрӣ хоҳад кард
3:126 Ва Аллоҳ таоло он [ёрӣ]-ро ҷуз башорате барои [пирӯзии] шумо қарор надод, то [бад-ин васила] дилҳоятон бад-он оромиш гирад; ва [-гарна] пирӯзӣ ҷуз аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазиру ҳаким нест
3:127 [Ин пирӯзӣ барои он буд] То [Аллоҳ таоло] гурӯҳе аз касонеро, ки куфр варзиданд, ҳалок созад, ё хору мағлубашон намояд, то маъюс [ва хор ба Макка] бозгарданд
3:128 [Эй паёмбар] Ҳеҷ чизе аз кор [-и бандагон] дар дасти ту нест; ё [Аллоҳ таоло] тавбаи онон [мушрикон]-ро мепазирад [ва аз гуноҳашон дармегузарад] ё азобашон мекунад; зеро онон ситамгоранд
3:129 Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ ҳар киро, ки бихоҳад [ба раҳмат] меомурзад ва ҳар киро бихоҳад [ба адолат] азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
3:130 Эй касоне, ки имон овардаед, риборо [бо суди] чанд баробар нахӯред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки растагор шавед
3:131 Ва аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст, бипарҳезед
3:132 Ва аз Аллоҳу паёмбар итоат кунед; бошад, ки мавриди раҳмат [-и Аллоҳ таоло] қарор гиред