>

Маркази тарҷумаи Равод — 64

3:109 Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва [ҳама] корҳо ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад

3:110 [Эй уммати Муҳаммад] Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки барои мардум падидор шудаед: Ба кори нек фармон медиҳед ва аз кори нописанд бозмедоред ва ба Аллоҳ таоло имон доред; ва агар аҳли китоб [низ] имон меоварданд, ҳатман, барояшон беҳтар буд; бархе аз онон муъминанд ва [аммо] бештарашон [фосиқу] нофармонанд

3:111 [Фосиқони аҳли китоб] Ҷуз озори андак [ҳамчун таъна ва тамасхур] ҳаргиз зиёне ба шумо нахоҳанд расонд ва агар бо шумо биҷанганд, [шикаст мехӯранд ва] ба шумо пушт мекунанд; он гоҳ [низ аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд

3:112 [Яҳудиён] Ҳар куҷо ёфт шаванд, [доғи нангу] хорӣ бар онон зада шудааст; магар он ки дар паноҳи амони Аллоҳ таоло ва мардум бошанд; ва онон ба хашме аз Аллоҳ таоло гирифтор шудаанд ва [доғи] дармондагӣ бар онон зада шудааст. Ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд; [ва низ] ин [сазо] ба хотири он буд, ки нофармонӣ карданд ва аз ҳудуд [-и илоҳӣ] таҷовуз менамуданд

3:113 [Вале ҳамаи онон] Яксон нестанд. Гурӯҳе аз аҳли китоб ҳастанд, ки дурусткоранд, [ва] дар дили шаб, дар ҳоле ки ба намоз истодаанд, оёти Аллоҳро мехонанд

3:114 [Бархе аз] Онон ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доранд ва [мардумро] ба некӣ амр мекунанд ва аз бадӣ бозмедоранд ва дар [анҷоми] корҳои нек мешитобанд ва ононанд, ки аз шоистагонанд

3:115 Ва ҳар кори неке, ки анҷом диҳанд, ҳаргиз дар бораи он носипосӣ нахоҳанд дид; ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли] парҳезгорон доност