>

Маркази тарҷумаи Равод — 63

3:101 Ва чи гуна шумо кофир мешавед, дар ҳоле ки оёти Аллоҳ таоло бар шумо хонда мешавад ва паёмбараш миёни шумост? Ва ҳар ки ба [китоби] Аллоҳ таоло [ва суннати паёмбараш] тамассук ҷӯяд, ҳатман, ба роҳи рост ҳидоят шудааст

3:102 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло – он гуна ки шоистаи парво кардан [тарсидан] аз Ӯст – парво кунед [битарсед] ва ҷуз дар мусулмонӣ намиред

3:103 Ва ҳамагӣ ба ресмони Аллоҳ таоло [Қуръону Суннат] чанг занед ва пароканда нашавед; ва неъмати [бузурги] Аллоҳро бар худ ба ёд оред, ки чи гуна душмани якдигар будед ва ӯ миёни дилҳоятон улфат эҷод кард ва ба [лутфу баракати] неъматаш бародар шудед; ва [пеш аз он ба хотири куфратон] бар остонаи партгоҳи оташ будед, [ки] Аллоҳ таоло шуморо аз он наҷот дод. Аллоҳ таоло, инчунин, оёти худро бароятон ошкор месозад; бошад, ки ҳидоят ёбед

3:104 Ва [эй муъминон] бояд гувоҳе аз шумо бошанд, ки [мардумро] ба кор [-ҳои] шоиста [ки ақлу дин меписандад] водоранд ва аз зиштӣ боздоранд; ва ононанд, ки растагоранд

3:105 Ва монанди касоне набошед, ки пас аз он ки далоили равшан барояшон омад, пароканда шуданд ва ихтилоф карданд. Онон азоби бузург [дар пеш] доранд

3:106 Рӯзе, ки чеҳраҳое сапед ва чеҳраҳое сиёҳ мегардад; аммо [ба] онон, ки чеҳраҳояшон сиёҳ шудааст [гуфта мешавад]: "Оё баъд аз имонатон кофир шудед? Пас, ба сабаби он чи куфр меварзидед, азобро бичашед"

3:107 Ва аммо онон, ки чеҳраҳояшон сапед гаштааст, дар раҳмати Аллоҳ таоло [дар биҳишти барин] ҷой мегиранд ва дар он ҷовидонанд

3:108 [Эй паёмбар] Инҳо оёти Аллоҳ таоло аст, ки онро ба ҳақ бар ту мехонем; ва Аллоҳ таоло [ҳеҷ гоҳ] ситаме барои ҷаҳониён намехоҳад