>

Маркази тарҷумаи Равод — 61

3:84 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ таоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] он чи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем"

3:85 Ҳар ки дине ғайр аз ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст

3:86 Чи гуна Аллоҳ таоло қавмеро ҳидоят мекунад, ки баъд аз имонашон ва [пас аз он ки] гувоҳӣ доданд ба ин ки паёмбар [-и ислом] барҳақ аст, барояшон далоили равшан омад, кофир шуданд? Ва, албатта, Аллоҳ таоло қавми ситамгорро ҳидоят намекунад

3:87 Ҷазояшон ин аст, ки лаънати Аллоҳ таоло ва фариштагону мардум ҳамагӣ бар онҳост

3:88 Дар он [лаънат ва азоби онон] ҷовидона боқӣ мемонанд ва на аз азобашон коста мешавад ва на муҳлат [-и узрхоҳӣ] меёбанд

3:89 Магар касоне, ки пас аз он тавба карданд ва [бо дурусткорӣ, рафторашонро] ислоҳ намуданд; пас, бе гумон, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

3:90 Ба ростӣ касоне, ки пас аз имони худ кофир шуданд ва бар куфр [-и хеш] афзуданд, ҳаргиз тавбаи онон пазируфта нахоҳад шуд ва ононанд, ки гумроҳанд

3:91 Касоне, ки куфр варзиданд ва дар ҳоли куфр аз дунё рафтанд, агарчи рӯйи замин пур аз тилло бошад ва онро ба унвони фидя [ва каффораи аъмоли бади хеш] бипардозанд, ҳаргиз аз ҳеҷ як аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд ва муҷозоти дарднок [дар пеш] доранд ва ёвароне нахоҳанд дошт