>

Маркази тарҷумаи Равод — 604

112:1 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ таоло яктост

112:2 Аллоҳ таоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд]

112:3 На [фарзанде] зода ва на зода шудааст

112:4 Ва ҳеҷ кас ҳаммонанди ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест»

113:1 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам

113:2 Аз шарри тамоми он чи офаридааст

113:3 Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад

113:4 Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд

113:5 Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад»

114:1 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам

114:2 Фармонравои мардум

114:3 Маъбуди мардум

114:4 Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ таоло] пинҳон мегардад

114:5 Ҳамоне, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад

114:6 Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён»