Маркази тарҷумаи Равод — 603
109:1 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Эй кофирон!
109:2 Он чиро шумо мепарастед, ман намепарастам
109:3 Ва он чиро, ки ман мепарастам, [низ] шумо намепарастед
109:4 Ва на ман парастишгари он чи шумо парастиш кардаед, хоҳам буд
109:5 Ва на шумо парастишгари он чи ман мепарастам, хоҳед буд
109:6 [Бинобар ин] Оини шумо барои худатон ва оини ман барои худам»
110:1 [Эй Паёмбар] Ҳангоме ки ёрии Аллоҳ таоло ва пирӯзӣ фаро расад
110:2 Ва мардумро бубинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Аллоҳ таоло дохил мешаванд
110:3 Пас, ба cитоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазир аст
111:1 Бурида бод ҳар ду дасти Абулаҳаб ва ҳалок бод!
111:2 Молу сарваташ ва он чӣ ба даст оварда буд, ба ӯ суде набахшид
111:3 Ба зудӣ ба оташи шуълавар хоҳад даромад
111:4 Ва ҳамсараш [Умми Ҷамил, он] ҳезумкаш [низ вориди оташ мешавад]
111:5 Бар гарданаш танобе аз лифи хурмост