Маркази тарҷумаи Равод — 602
106:1 Барои [сипосгузорӣ аз] ҳамбастагӣ ва унси Қурайш
106:2 [Ҳамон] Ҳамбастагӣ ва унси онон дар сафарҳои зимистонӣ [ба Яман] ва тобистонӣ [ба Шом]
106:3 Бояд Парвардигори хонаи Каъбаро бипарастанд
106:4 Ҳамон [Парвардигоре], ки ононро аз гуруснагӣ [раҳонид, ба эшон] хӯрок дод ва аз ваҳшату тарс эмин намуд
107:1 [Эй Паёмбар] Оё касе, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меангорад, дидаӣ?
107:2 Пас ӯ [ҳамон] касест, ки ятимро [бо дуруштӣ аз худ] меронад
107:3 Ва [дигаронро] ба итъоми тиҳидаст ташвиқ намекунад
107:4 Пас, вой бар намозгузорон!
107:5 Ҳамон касоне, ки аз намозашон ғофиланд
107:6 Касоне, ки худнамоӣ мекунанд
107:7 Ва [аз амонат додани] васоили зарурии зиндагӣ дареғ меварзанд
108:1 [Эй Паёмбар] Ба ростӣ, ки Мо ба ту хайри бениҳоят ато кардем
108:2 Пас, барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ кун
108:3 Бе тардид, душманат [аз ҳамаи хайроту баракот бебаҳра ва] бурида аст