>

Маркази тарҷумаи Равод — 601

103:1 Савганд ба аср

103:2 Ки инсон дар зиён аст

103:3 Магар муъминони накукоре, ки якдигарро ба ҳақ супориш намудаанд ва ба шикебоӣ тавсия кардаанд

104:1 Вой бар ҳар ғайбаткунанда [ва] айбҷӯе!

104:2 [Ҳамон] Касе, ки моли фаровоне гирд овард ва онро шумориш кард

104:3 Гумон мекунад, ки молаш ӯро ҷовидона месозад

104:4 Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; ҳатман, дар оташи дарҳамкӯбанда андохта хоҳад шуд

104:5 Ва [эй Паёмбар] ту чӣ медонӣ, ки оташи дарҳамкӯбанда чист?

104:6 Оташи барафрӯхтаи илоҳӣ аст

104:7 [Оташе] Ки бар дилҳо чира мегардад [ва месӯзонад]

104:8 Бе гумон, он [оташ] бар онон фурубаста [ва аз ҳар сӯ муҳосирашон карда] аст

104:9 [Афрӯхта] Дар сутунҳои баланд аст

105:1 [Эй Паёмбар] Оё надидӣ Парвардигорат бо асҳоби фил чӣ кард?

105:2 Оё [фиребу] нақшаи ононро дар табоҳӣ қарор надод?

105:3 Ва парандагоне гурӯҳ-гурӯҳ бар [сари] онон фиристод

105:4 [Ки] Бо санггил [ки дар минқору чангол доштанд] ононро сангборон мекарданд

105:5 Пас, онҳоро ҳамчун коҳи хойидашуда сохт