>

Маркази тарҷумаи Равод — 600

100:6 Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст

100:7 Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст

100:8 Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад

100:9 Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд?

100:10 Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад

100:11 Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст

101:1 [Он] Фурукӯбанда

101:2 [Он] Фурукӯбанда чист?

101:3 Ва ту чи донӣ, ки [он] фурукӯбанда чист?

101:4 Рӯзе, ки мардум монанди парвонаҳои пароканда [ҳайрону саргардон] хоҳанд буд

101:5 Ва кӯҳҳо монанди пашми рангини ҳаллоҷишуда (задашуда) хоҳанд шуд

101:6 Ва аммо ҳар касе, ки [дар он рӯз] паллаи мизонаш сангин бошад

101:7 [Дар биҳишт] Дар зиндагии роҳатбахш хоҳад буд

101:8 Ва аммо ҳар кас, ки паллаи мизонаш сабук бошад

101:9 Пас, [маскану] паноҳгоҳаш «ҳовия» аст

101:10 Ва ту чи донӣ, ки он [ҳовия] чист?

101:11 Оташе аст сӯзон [ва шуълавар]

102:1 Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт

102:2 То [поёни] коратон ба гӯристон расид

102:3 Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист

102:4 Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист

102:5 Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед]

102:6 Савганд, ки дузахро хоҳед дид

102:7 Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид

102:8 Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд