>

Маркази тарҷумаи Равод — 60

3:78 Ва гурӯҳе аз онон [яҳудиён] ҳастанд, ки забони худро ба [ҳангоми тиловати] китоби [Таврот] чунон мегардонанд, ки гумон мекунед, [он чи мехонанд, воқеан,] аз [матолиби он] китоб аст, дар ҳоле ки аз он китоб нест; ва [боз ба дурӯғ] мегӯянд: "Он [ҷумалот] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст"; дар сурате ки аз ҷониби Аллоҳ таоло нест ва бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки худ [низ ҳақиқатро] медонанд

3:79 Барои ҳеҷ башаре сазовор нест, ки Аллоҳ таоло ба ӯ китоб ва ҳукм [донишу фаҳм] ва паёмбарӣ диҳад, сипас ӯ ба мардум бигӯяд: "Ба ҷойи Аллоҳ таоло, бандагони ман бошед". Балки [сазовор аст, ки паёмбарон ба мардум бигӯянд]: "Ба хотири он, ки китоб [-и Таврот]-ро омӯзиш медодед ва аз он ҷо, ки [ақоиду аҳкоми онро ба дигарон] дарс медодед, [фақеҳону донишмандони] илоҳӣ бошед"

3:80 Ва на ин ки ба шумо фармон диҳад, ки фариштагон ва паёмбаронро [ба ҷойи Аллоҳ таоло] соҳибихтиёр [ба парастиш] бигиред. Оё [ин шахс] шуморо пас аз он, ки мусулмон шудед, ба куфр фармон медиҳад?

3:81 Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз паёмбарон паймон гирифт [ва фармуд]: "Ҳар гоҳ ба шумо китобу ҳикмате додам, он гоҳ фиристодае [Муҳаммад] ба сӯятон омад, ки он чиро бо шумост, тасдиқ кард, бояд ба ӯ имон оваред ва ёриаш кунед". [Он гоҳ] Фармуд: "Оё иқрор кардед ва паймони муҳками маро дар ин бора пазируфтед"? [Онон] Гуфтанд: "Иқрор кардем". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Пас, [бар худу умматҳоятон] гувоҳ бошед ва ман [низ] бо шумо аз гувоҳонам"

3:82 Пас, ҳар ки баъд аз ин [паймон, аз аҳди хеш] рӯй бигардонад, ононанд, ки фосиқанд

3:83 Оё [кофирон, оине] ба ҷуз дини Аллоҳро меҷӯянд? Ҳол он ки ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст – хоҳ ноҳоҳ – сар ба фармони Ӯ ниҳодааст ва [ҳамагӣ] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешаванд