Маркази тарҷумаи Равод — 6
2:30 Ва [ёд кун] ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон гуфт: "Ман дар замин ҷонишине хоҳам гумошт. Онон гуфтанд: Оё касеро дар он ҷо мегуморӣ, ки табаҳкорӣ ва хунрезӣ кунад, дар ҳоле ки мо Туро бо сипос ба покӣ меситоем ва тақдис мекунем? Аллоҳ таоло гуфт: "Ман [дар бораи ҳадафу маслиҳати офариниши ӯ] чизҳое медонам, ки шумо намедонед"
2:31 Он гоҳ ҳамаи номҳо [-и ашё ва мавҷудот]-ро ба Одам омӯхт. Сипас онҳоро ба фариштагон арза дошт ва фармуд: "Агар рост мегӯед, аз номҳои инҳо ба ман хабар диҳед"
2:32 [Фариштагон] Гуфтанд: "Муназзаҳӣ [покӣ], Ту! Мо чизе ҷуз он чи ба мо омӯхтаӣ намедонем. Ту донои ҳакимӣ"
2:33 Фармуд: "Эй Одам, ононро аз номҳояшон огоҳ кун". Ҳангоме ки вай ононро огоҳ кард, [Аллоҳ таоло] фармуд: "Оё ба шумо нагуфтам, ки ман асрори осмонҳову заминро медонам ва аз он чи, ки ошкор мекунед ва пинҳон медоштед, огоҳам"?
2:34 [Ёд кун] Ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: "Барои [бузургдошту эҳтиром бар] Одам саҷда кунед"! Пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, ба ҷуз иблис, ки худдорӣ кард ва такаббур варзид ва аз кофирон шуд.
2:35 Гуфтем: "Эй Одам, ту ва ҳамсарат [Ҳавво] дар биҳишт сукунат кунед ва аз [неъматҳои] он – аз ҳар ҷо, ки мехоҳед – гуворо бихӯред, аммо ба ин дарахт наздик нашавед, ки [ба хотири сарпечӣ аз фармони илоҳӣ] дар зумраи ситамгорон хоҳед буд"
2:36 Пас, шайтон муҷиби лағжиш [ва сарпечии] он ду шуд. Сипас Аллоҳ таоло онҳоро аз он чи дар он буданд [биҳишт] берун кард ва [ба он ду тан ва шайтон] гуфтем: "Ҳамагӣ [ба замин] фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигар хоҳед буд ва бароятон дар замин то муддати муайян қароргоҳ ва василаи баҳрабардорӣ вуҷуд хоҳад дошт"
2:37 Он гоҳ Одам аз Парвардигораш калимоте фаро гирифт [ва дархости бахшоиш намуд] ва Аллоҳ таоло тавбаи ӯро пазируфт, чаро ки Аллоҳ таоло тавбапазиру меҳрубон аст