>

Маркази тарҷумаи Равод — 599

98:6 Бе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд

98:7 Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, онон беҳтарини офаридагон ҳастанд

98:8 Подоши эшон назди Парвардигорашон боғҳои [биҳишти] ҷовидон аст, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорист; ҳамеша дар он хоҳанд монд; Аллоҳ таоло аз [аъмоли] онҳо хушнуд аст ва онон [низ] аз [подоши] Ӯ хушнуданд; ва ин [мақом ва подош] барои касест, ки аз Парвардигораш битарсад

99:1 Ҳангоме ки замин бо шадидтарин таконҳояш ба ларза дарояд

99:2 Ва замин борҳои сангинашро берун резад

99:3 Ва инсон мегӯяд: «Он [замин]-ро чӣ шудааст?»

99:4 Дар он рӯз [замин] тамоми хабарҳояшро бозгӯ мекунад

99:5 Зеро Парвардигорат ба ӯ [чунин] ваҳй [ва ҳукм] кардааст

99:6 Дар он рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бозмегарданд, то [натиҷаи] аъмолашон ба онон нишон дода шавад

99:7 Пас, ҳар кас ба андозаи заррае кори нек анҷом дода бошад, [подоши] онро мебинад

99:8 Ва ҳар кас ба андозаи заррае кори бад карда бошад, [кайфари] онро мебинад

100:1 Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд

100:2 Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд

100:3 Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд

100:4 Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд

100:5 Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд