>

Маркази тарҷумаи Равод — 598

96:13 Ба ман хабар деҳ, агар ин [шахси саркаш ҳақро] такзиб кард ва рӯйгардон шуд [оё сазовори азоб нест?]

96:14 Оё намедонад, ки бе тардид, Аллоҳ таоло [ҳама аъмолашро] мебинад?

96:15 Чунин нест [ки ӯ гумон мекунад]; агар боз наояд [ва даст аз шарорат барнадорад], ҳатман, мӯйи пешониашро ба сахтӣ хоҳем гирифт [ва ба сӯйи дузах хоҳем кашонид]

96:16 Мӯйи пешонии [ҳамон] дурӯғгӯи хатокорро

96:17 Пас, бояд ҳаммаҷлисонашро [ба кумак] бихонад

96:18 Мо [низ] оташбонони [дузах]-ро фаро хоҳем хонд

96:19 Чунин нест [ки ӯ мепиндорад]; ҳаргиз ӯро итоат макун ва саҷда кун ва [ба Аллоҳ таоло] тақарруб ҷӯй

97:1 Ҳамоно Мо он [Қуръон]-ро дар шаби қадр нозил кардем

97:2 Ва ту чи донӣ шаби қадр чист?

97:3 Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст

97:4 Фариштагон ва Руҳ [Ҷабраил] дар он [шаб] ба фармони Парвардигорашон барои [анҷоми] ҳар коре нозил мешаванд

97:5 [Он шаб] То тулуи фаҷр саломат [ва раҳмат] бошад

98:1 Касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, [аз оини куфр] даст барнамедоранд, то ин ки барои онон далели равшане биёяд

98:2 Паёмбаре аз сӯи Аллоҳ таоло [биёяд], ки саҳифаҳои покро бихонад

98:3 Ва дар он [саҳифаҳо] навиштаҳое устувор [ва дуруст] аст

98:4 Ва касоне, ки ба онон китоб дода шуд, [аз ҷумлаи яҳудиён ва масеҳиён] пароканда нашуданд, [ва ихтилоф накарданд] магар баъд аз он ки далели равшан барои онон омад

98:5 Ва эшон фармон наёфтанд, ҷуз ин ки Аллоҳро бипарастанд, дар ҳоле ки дини худро барои ӯ холис гардонанд [ва аз ширку бутпарастӣ] ба тавҳид рӯ оваранд; ва намоз барпо доранд ва закот бипардозанд; ва ин аст оини ростин ва мустақим