>

Маркази тарҷумаи Равод — 597

94:3 Ҳамон [боре], ки бар пуштат сангинӣ мекард

94:4 Ва [ному] овозаи туро баланд сохтем

94:5 Пас, мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст

94:6 [Оре] Мусалламан, бо [ҳар] душворӣ осонӣ аст

94:7 Пас, ҳангоме ки [аз кору умури дунё] фориғ шудӣ, [ба ибодати Парвардигорат] бикӯш

94:8 Ва ба сӯйи Парвардигорат роғиб [ва муштоқ] шав

95:1 Савганд ба анҷир ва зайтун [ва ба Фаластин сарзамини рӯиши онҳо]

95:2 Ва савганд ба Тӯри Сино

95:3 Ва савганд ба ин шаҳри амн [Макка]

95:4 [Ки] Яқинан, Мо инсонро дар беҳтарин сурат [ва бо фитрати пок] офаридем

95:5 Сипас ӯро [ки инҳироф ёфт] ба пасттарин [мароҳили] пастӣ баргардонидем.

95:6 Магар касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд; пас, барои онон подоше пойдор [дар пеш] аст

95:7 Пас, [эй инсон] чи чизе баъд [аз ин ҳама далоили равшан] туро ба такзиби [рӯзи] ҷазо во медорад?

95:8 Оё Аллоҳ таоло беҳтарин довар [ва ҳокими мутлақ] нест?

96:1 [Эй Паёмбар] Бихон ба номи Парвардигорат, ки [ҳастиро] офарид

96:2 [Ҳамон Парвардигоре, ки] Инсонро аз хуни баста офарид

96:3 Бихон ва Парвардигорат [аз ҳама] бузургвортар аст

96:4 [Ҳамон] Касе, ки ба василаи қалам [навиштан] омӯхт

96:5 Ба инсон он чиро, ки намедонист, омӯхт

96:6 Чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ҳаққо, ки инсон туғён [ва саркашӣ] мекунад

96:7 [Баъд] Аз ин ки худро бениёз [ва тавонгар] бубинад

96:8 Яқинан, бозгашт [-и ҳама] ба сӯйи Парвардигори туст

96:9 [Эй Паёмбар] Оё дидаӣ он касе, ки [аз ибодати Аллоҳ таоло] бозмедорад

96:10 Бандаеро, ҳангоме ки намоз мехонад

96:11 Ба ман хабар бидеҳ, агар ин [банда] бар [роҳи] ҳидоят бошад

96:12 [Мардумро] Ба парҳезкорӣ фармон диҳад [пас, сазои касе, ки чунин бандаеро биёзорад чист?]