>

Маркази тарҷумаи Равод — 595

90:19 Аммо касоне, ки ба оёти Мо куфр варзиданд, онон аҳли шақоватанд [ки номаи аъмол ба дасти чапашон дода мешавад ва ба дузах мераванд]

90:20 Бар онон [аз ҳар сӯ] оташи сарпӯшидае аст [ки роҳи фирор надоранд]

91:1 Савганд ба хуршед ва равшании он [ба ҳангоми бомдод]

91:2 Ва савганд ба моҳ, ҳангоме ки баъд аз он барояд

91:3 Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки он [хуршед]-ро равшан [ва ҷилвагар] кунад

91:4 Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки онро бипӯшонад

91:5 Ва савганд ба осмон ва ба он ки онро бино кард

91:6 Ва савганд ба замин ва ба он ки онро густуронид

91:7 Ва савганд ба ҷон [-и инсон] ва он ки онро [офарид ва] наку гардонид

91:8 Сипас нофармонӣ ва парҳезгориашро [ба ӯ] илҳом кард

91:9 Бе тардид, ҳар ки нафси худро [аз гуноҳон] пок кард, растагор шуд

91:10 Ва ҳар ки онро [бо гуноҳ] олуда сохт, яқинан, зиёнкор шуд

91:11 [Қавми] Самуд аз рӯйи саркашӣ [паёмбарашонро] такзиб карданд

91:12 Он гоҳ ки бадкортарини эшон [барои иқдом ба ҷиноят] бархост

91:13 Пас, паёмбари Аллоҳ таоло [Солеҳ] ба онон гуфт: «Модашутури Аллоҳ таоло ва [навбати] обхӯрданашро [ҳурмат ниҳед]»

91:14 [Вале онон] ӯро такзиб карданд ва он [модашутур]-ро куштанд; пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳонашон бар сарашон азоб овард ва ҳамагии ононро бо хок яксон кард

91:15 Ва [Аллоҳ таоло] аз саранҷоми он [кор] бим надорад

92:1 Савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳама чизро] бипӯшонад

92:2 Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки ошкор шавад

92:3 Ва савганд ба он ки нару модаро офарид

92:4 Ки, яқинан, саъй [-ю талош]-и шумо мухталиф [ва неку бад] аст

92:5 Ва аммо касе, ки [дар роҳи Аллоҳ таоло] бахшид ва парҳезкорӣ кард

92:6 Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро тасдиқ кард

92:7 Пас, Мо [анҷоми аъмоли наку ва инфоқ дар роҳи Аллоҳро] барояш осон месозем

92:8 Ва аммо касе, ки бухл варзид ва бениёзӣ талабид

92:9 Ва [ваъдаи Аллоҳ таоло ва суханони] некро такзиб кард