>

Маркази тарҷумаи Равод — 594

89:23 Ва дар он рӯз ҷаҳаннам оварда шавад, дар он рӯз инсони [кофир] панд мегирад [ва тавба мекунад]; ва [аммо] ин панд гирифтан чи суде барояш дорад?

89:24 Вай мегӯяд: «Эй кош, [дар дунё] барои [ин] зиндагиам [чизе аз] пеш фиристода будам!

89:25 Пас, дар он рӯз ҳеҷ кас ҳаммонанди азоби Ӯ [Аллоҳ таоло] азоб намекунад

89:26 Ва ҳеҷ кас ҳамчун банд кашидани Ӯ [Аллоҳ таоло] касеро ба банд намекашад

89:27 [Аммо ба муъмин нидо мешавад] «Эй рӯҳи оромёфта!

89:28 Ба сӯйи Парвардигорат бозгард, дар ҳоле ки ту [аз подоши Аллоҳ таоло] хушнудӣ ва Ӯ аз [аъмоли] ту хушнуд аст

89:29 Пас, дар зумраи бандагони [хосси] Ман даро

89:30 Ва ба биҳишти Ман ворид шав»

90:1 Савганд ба ин шаҳр [Макка]

90:2 Ва ту дар ин шаҳр сокинӣ [ва ҷанг дар ин шаҳр барои ту ҳалол аст]

90:3 Ва савганд ба падар [Одам] ва фарзандонаш

90:4 Яқинан, инсонро дар ранҷ офаридем

90:5 Оё ӯ гумон мекунад, ҳеҷ кас бар [муҷозоти] вай тавоно нест?

90:6 Мегӯяд: «[Ба хотири инфоқ] Моли зиёдеро табоҳ кардаам»

90:7 Оё мепиндорад, ки ҳеҷ кас ӯро надидааст?

90:8 Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем?

90:9 Ва як забон ва ду лаб?

90:10 Ва ӯро ба ду роҳ [хайр ва шар] роҳнамоӣ кардем

90:11 Пас, ба гардана [и сахт] қадам нагузошт [ва наомад]

90:12 Ва ту чи медонӣ, ки гардана [-и сахт] чист?

90:13 Озод кардани барда аст

90:14 Итъом дар рӯзи қаҳтӣ [ва гуруснагӣ]

90:15 [Хоҳ] Ятиме аз хешовандон [бошад]

90:16 Ё мустаманде хокнишин

90:17 Он гоҳ аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] ва меҳрубонӣ [бо бандагон] тавсия намудаанд

90:18 Инон аҳли саодатанд [ки номаи аъмол ба дасти росташон дода мешавад ва аҳли биҳиштанд]