Маркази тарҷумаи Равод — 593
88:23 Аммо касе, ки рӯй бигардонад ва кофир шавад
88:24 Сипас Аллоҳ таоло ӯро бо бузургтарин азоб муҷозот мекунад
88:25 Ҳамоно бозгашти онҳо ба сӯйи Мост
88:26 Сипас бе гумон, ҳисобашон [низ] бо Мост
89:1 Савганд ба субҳ
89:2 Ва ба шабҳои даҳгона [-и оғози зулҳиҷҷа]
89:3 Ва ба завҷ ва фард [-и ашё]
89:4 Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [ҳаракат мекунад ва] меравад
89:5 Оё дар ин [чизҳо] савганде барои соҳибхирад нест [ки ӯро қонеъ намояд]?
89:6 [Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Парвардигорат бо [қавми] Од чи кард?
89:7 [Ҳамон қабилаи] Ирам, ки дорои [кохҳои бо] сутунҳои баланд буданд
89:8 Ки ҳаммонанди он дар шаҳрҳо офарида нашуда буд?
89:9 Ва [низ қавми] Самуд, онҳое, ки сахраҳои сахтро аз [канори] водӣ метарошиданд [ва барои худ хона месохтанд]?
89:10 Ва Фиръавн соҳиби сипоҳи [бузург ва қудратманд]
89:11 [Ҳамон] Касоне, ки дар шаҳрҳо туғён [ва саркашӣ] карданд
89:12 Ва дар онҳо фасоди бисёр ба бор оварданд
89:13 Он гоҳ Парвардигорат тозиёнаи азобро бар онон фуруд овард
89:14 Яқинан Парвардигори ту дар камингоҳ аст
89:15 Ва аммо инсон ҳангоме ки Парвардигораш ӯро биозмояд ва гиромӣ дорад ва ба ӯ неъмат бахшад, [мағрур мегардад ва] мегӯяд: «Парвардигорам маро гиромӣ доштааст»
89:16 Ва аммо ҳангоме ки ӯро биозмояд ва рӯзиашро бар ӯ танг гирад, [дилсард шуда] мегӯяд: «Парвардигорам маро хор кардааст»
89:17 Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; балки шумо ятимро гиромӣ намедоред
89:18 Ва якдигарро бар итъоми мустамандон тарғиб намекунед
89:19 Ва меросро ҳарисона мехӯред [ва ҳаққи заифонро намедиҳед]
89:20 Ва молу сарват [-и дунё]-ро бисёр дӯст медоред
89:21 Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; ҳангоме ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад [ва ҳамвор гардад]
89:22 Ва Парвардигорат [барои додрасӣ] биёяд ва [низ] фариштагон саф дар саф [биистанд]