>

Маркази тарҷумаи Равод — 592

87:11 Ва бадбахттарин [-и мардум] аз он дурӣ мегузинад

87:12 [Ҳамон] Касе, ки дар оташи бузург [-и ҷаҳаннам] дархоҳад омад

87:13 Ва дар он [оташ] на мемирад ва на зинда мемонад

87:14 Яқинан, касе, ки худро [аз куфру гуноҳ] пок кунад, растагор хоҳад шуд

87:15 Ва [низ касе, ки] номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад

87:16 Вале шумо [мардум] зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ медиҳед

87:17 Дар ҳоле ки охират беҳтар ва пояндатар аст

87:18 Ба ростӣ, ин [пандҳо] дар китобҳои осмонии пешин [низ] буд

87:19 Китобҳои Иброҳим ва Мӯсо

88:1 [Эй Паёмбар] Оё хабари қиёмати ҳавлноки фарогир ба ту расидааст?

88:2 Дар он рӯз чеҳраҳое хору залил хоҳанд буд

88:3 [Дар дунё] Пайваста талош карда [ва] хаста шуда [ва чун дар роҳи ҳақ набуда, натиҷае надидаанд]

88:4 Дар оташи сӯзон дармеоянд

88:5 Аз чашмаи бисёр гарм ба онҳо нӯшонда мешаванд

88:6 Ғизое ҷуз хори хушку талх надоранд

88:7 Ки на [ононро] фарбеҳ кунад ва на гуруснагиро дафъ менамояд

88:8 Дар он рӯз чеҳраҳое шодобу тоза ҳастанд

88:9 Ва аз саъй [-ю талош]-и худ хушнуданд

88:10 Дар биҳишти барин ҳастанд

88:11 Дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳудае намешунаванд

88:12 Дар он чашма [-ҳои об] равон бошад

88:13 Дар он тахтҳои [зебои] баланд [поя] аст

88:14 Ва ҷомҳое [ки дар канори чашмаҳо] ниҳода шуда

88:15 Ва болиштҳои [муназзам] чидашуда

88:16 Ва [низ] фаршҳои гаронбаҳо густурда шудааст

88:17 Оё [кофирон] ба шутур наменигаранд, ки чи гуна офарида шудааст?

88:18 Ва ба осмон [наменигаранд], ки чи гуна барафрошта шудааст?

88:19 Ва ба кӯҳҳо [наменигаранд], ки чи гуна [муҳкам бар замин] насб шудааст?

88:20 Ва ба замин [наменигаранд], ки чи гуна густурда шудааст?

88:21 Пас, [эй Паёмбар] панд бидеҳ, ки ту танҳо панддиҳандаӣ

88:22 Ту бар онон мусаллат [-у чира] нестӣ [ки бар имон водорашон кунӣ]