>

Маркази тарҷумаи Равод — 591

86:1 Савганд ба осмон ва савганд ба ситораи шабгард

86:2 Ва чи медонӣ, ки ситораи шабгард чист?

86:3 [Ҳамон] Ситораи фурӯзон аст

86:4 Ҳеҷ кас нест магар он ки бар ӯ нигаҳбоне [аз фариштагон гумошта шуда] аст

86:5 Инсон бояд бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст

86:6 Аз як оби ҷаҳанда офарида шудааст

86:7 Ки аз миёни [устухони] пушт [-и мард] ва сина [-и зан] берун меояд

86:8 Бе гумон, Аллоҳ таоло бар бозгардондани ӯ [пас аз марг] тавоност

86:9 Рӯзе, ки розҳо ошкор гардад

86:10 [Дар он рӯз] Инсон ҳеҷ тавону ёваре надорад

86:11 Савганд ба осмони пурборон

86:12 Ва савганд ба замини пуршикоф [ки гиёҳон аз он сар бармеоваранд]

86:13 Бе гумон, ин Қуръон сухани ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст

86:14 Ва [сухани] ҳазлу беҳуда нест

86:15 Онон [кофирон] пайваста ҳила ва найранг мекунанд

86:16 Ва ман [низ] ҳила [ва тадбир] мекунам

86:17 Пас, кофиронро муҳлат деҳ, [ва] андаке раҳояшон кун [то ғарқи гуноҳ бошанд]

87:1 Номи Парвардигори баландмартабаатро ба покӣ ёд кун

87:2 [Ҳамон] ки [инсонро] офарид ва ҳамоҳанг ва мутаодил сохт

87:3 Ва [ҳамон] касе, ки андозагирӣ кард ва [ба шоистагӣ офарид] ва сипас ҳидоят намуд

87:4 Ва [он] касе, ки чарогоҳро [барои тағзияи ҷондорон] рӯёнид

87:5 Сипас онро хушку сиёҳ гардонид

87:6 Мо ба зудӣ [Қуръонро] бар ту мехонем; пас, ту ҳаргиз [онро] фаромӯш нахоҳӣ кард

87:7 Магар он чиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад; ҳамоно Ӯ ошкору ниҳонро медонад

87:8 Ва барои ту осонтарин [роҳ]-ро фароҳам мегардонем

87:9 Пас, агар панди муфид бошад, [мардумро бо оёти Қуръон] панд деҳ

87:10 Ба зудӣ, касе, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, панд мепазирад