Маркази тарҷумаи Равод — 590
84:25 Магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ки барои онон подоше беминнат ва пайваста аст
85:1 Савганд ба осмон, ки дорандаи бурҷҳост
85:2 Ва савганд ба рӯзи мавъуд [қиёмат]
85:3 Ва савганд ба ҳар ки гувоҳӣ диҳад ва ба ҳар ки мавриди гувоҳӣ қарор гирад
85:4 Марг бар одамсӯзони хандақ!
85:5 [Ҳамон оташи] Афрӯхта аз ҳезумҳои бисёр [ки муъминонро дар он месӯзонданд];
85:6 ҳангоме ки бар [канораи] он нишаста буданд
85:7 Ва он чиро бо муъминон анҷом медоданд, тамошо мекарданд
85:8 Ва ҳеҷ эроде аз онон нагирифтанд, ҷуз ин ки ба Аллоҳи пирӯзманди сутуда имон оварда буданд
85:9 [Ҳамон] Касе, ки фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Ӯст; ва Аллоҳ таоло бар ҳама чиз гувоҳ аст
85:10 Ба ростӣ, касоне, ки мардону занони муъминро шиканҷа [ва озор] доданд ва пас [аз анҷоми он кор] тавба накарданд, пас, барои эшон азоби ҷаҳаннам [муҳайё] аст ва азоби оташ [дар пеш доранд]
85:11 Ҳамоно барои касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, боғҳое [аз биҳишт] аст, ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст; ва ин аст комёбии бузург
85:12 Бе гумон, [муҷозоту] сахтгирии Парвардигорат бисёр шадид аст
85:13 Дар ҳақиқат, Ӯст, ки [офаринишро] оғоз мекунад ва дубора [баъд аз марг] бозмегардонад
85:14 Ва ҳам Ӯ омурзанда [ва] дӯстор [-и муъминон] аст
85:15 [Ӯ Аллоҳ таоло] Соҳиби Арш, [ва] баландмартаба [ва шукӯҳманд] аст
85:16 [Ва] Он чиро бихоҳад, анҷом медиҳад
85:17 [Эй Паёмбар] Оё достони лашкариён [-и ҳақситез] ба ту расидааст?
85:18 [Лашкари] Фиръавн ва [қавми] Самуд
85:19 Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста дар такзиб [-и ҳақ] ҳастанд
85:20 Ва Аллоҳ таоло аз ҳар сӯ бар онон иҳота дорад
85:21 Оре, ин [оёт шеъру сеҳр нест, балки] Қуръони шукӯҳманд аст
85:22 Дар Лавҳи маҳфуз [аз ҳар гуна таҳрифу табдил дар амон] аст