>

Маркази тарҷумаи Равод — 59

3:71 Эй аҳли китоб, чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқат [-и паёмбарии Муҳаммад]-ро пинҳон мекунед, дар ҳоле ки худ медонед?

3:72 Гурӯҳе аз [уламои] аҳли китоб [ба ҳамдигар] гуфтанд: "Дар оғози рӯз ба он чи ба муъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар поён [-и рӯз] кофир шавед; шояд онон [низ тардид кунанд ва аз ислом] баргарданд

3:73 Ва [ин ки] имон наёваред магар ба касе, ки аз дини шумо пайравӣ мекунад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Дар ҳақиқат, ҳидоят ҳидояти Аллоҳ таоло аст. [Боз гуфтанд: "Ҳаргиз чизе ба мусулмонон наёмӯзед ва иҷозат надиҳед] ба каси он чи ба шумо додааст, дода шавад ё [далеле дар ихтиёрашон нагузоред, ки битвонанд] дар пешгоҳи Парвардигоратон бо шумо баҳс кунанд". [Эй паёмбар] Бигӯ: "Бе тардид, фазл [-у бартарӣ] ба дасти Аллоҳ таоло аст; онро ба ҳар ки бихоҳад, мебахшад; ва Аллоҳ таоло кушоишгари доност

3:74 Раҳмати хешро ба ҳар ки бихоҳад, ихтисос медиҳад; ва Аллоҳ таоло дорои бахшиши бузург [ва беандоза] аст"

3:75 Аз аҳли китоб касе ҳаст, ки агар моли фаровоне ба ӯ амонат диҳӣ, онро ба ту бозмегардонад; ва аз [миёни] онон касе ҳаст, ки агар ӯро бар диноре амин бишуморӣ, онро ба ту бознамегардонад; магар он ки пайваста бар [дарёфти] он истодагӣ кунӣ. Ин бад-он хотир аст, ки онон мегӯянд: "Дар мавриди [хурдани амволи] қавми араб, гуноҳе бар мо нест"; ва [бад-ин гуна онон] дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонанд, бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд

3:76 Оре, [ин кор гуноҳ аст; аммо] ҳар ки ба паймони худ вафо кунад ва парҳезгорӣ намояд, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад

3:77 Касоне, ки паймони Аллоҳ таоло [дар бораи иҷрои аҳком] ва савгандҳои худ [дар бораи пайравӣ аз Муҳаммад]-ро ба баҳои ночизе мефурушанд, яқинан баҳрае дар охират нахоҳанд дошт ва Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат бо онон сухан намегӯяд ва ба эшон наменигарад ва онҳоро [аз гуноҳ] пок намесозад ва азоби дардноке [дар пеш] доранд