Маркази тарҷумаи Равод — 589
83:34 Вале имрӯз касоне, ки имон овардаанд, ба кофирон механданд
83:35 Бар тахтҳо [-и ороста нишаста ва ба неъматҳои илоҳӣ] менигаранд
83:36 Оё кофирон [бо чашидани азоб] ҷазои он чиро, ки мекарданд, дарёфт намудаанд?
84:1 Он гоҳ ки осмон шикофта шавад
84:2 Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
84:3 Ва он гоҳ ки замин густурда [ва ҳамвор] шавад
84:4 Ва ҳар чиро даруни худ дорад, берун резад ва тиҳӣ гардад
84:5 Ва ба [фармони] Парвардигораш гӯш фаро диҳад [ва таслим шавад]; ва сазовор аст [ки чунин кунад]
84:6 Эй инсон, бе гумон, ту дар роҳи [расидан ба] Парвардигорат сахт талошу кӯшиш мекунӣ; пас, Ӯро мулоқот хоҳӣ кард
84:7 Ва аммо касе, ки нома [-и аъмолаш] ба дасти росташ дода шавад
84:8 Ба зудӣ ба ҳисобе осон муҳосиба мешавад
84:9 Ва шодмон ба сӯйи хонаводааш бозмегардад
84:10 Ва аммо касе, ки номаи [аъмолаш] аз пушти сараш ба ӯ дода шавад
84:11 Пас, ҳалоки худро хоҳад талабид
84:12 Ва ба [оташи] ҷаҳаннами шуълавар хоҳад даромад
84:13 Бе гумон, ӯ дар [дунё ба хотири гуноҳонаш] миёни хонаводаи худ шодмон буд
84:14 Ӯ гумон мекард, ки ҳаргиз [ба назди Аллоҳ таоло] бознахоҳад гашт
84:15 Оре, ҳамоно Парвардигораш аз ҳоли вай огоҳ буд
84:16 Пас, ба шафақ савганд мехӯрам
84:17 Ва савганд ба шаб ва он чиро фуру мепӯшад
84:18 Ва савганд ба моҳ чун [фурӯғаш] комил шавад
84:19 Ҳатман, маротибу ҳолоти мухталиферо яке пас аз дигаре [дар масири зиндагии дунявӣ] тай хоҳед кард
84:20 Пас, ононро чи шуда, ки имон намеоваранд?
84:21 Ва [чаро] ҳангоме ки Қуръон бар онон тиловат шавад, саҷда намекунанд?
84:22 Балки касоне, ки кофир шуданд, пайваста [оёти илоҳиро] такзиб мекунанд
84:23 Ва Аллоҳ таоло ба он чи дар дил пинҳон медоранд, донотар аст
84:24 Пас, [эй Паёмбар] ононро ба азоби дардноке башорат деҳ