Маркази тарҷумаи Равод — 588
83:5 Дар рӯзе бузург?
83:6 [Ҳамон] Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён меистанд
83:7 Ҳаргиз чунин нест [ки кофирон пиндоштаанд]! Ба ростӣ, ки номаи [аъмоли] бадкорон дар сиҷҷин аст
83:8 Ва ту чи донӣ, ки сиҷҷин чист?
83:9 Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст
83:10 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
83:11 Онон, ки рӯзи ҷазоро [инкор ва] такзиб мекунанд
83:12 Ва ҷуз ситамкорони гунаҳкор [касе] он [рӯз]-ро такзиб намекунад
83:13 Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ тиловат шавад, гӯяд: «[Ин] Афсонаҳои гузаштагон аст»
83:14 Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо гумон мекунанд]; балки [ба сабаби] он чӣ кардаанд, бар дилҳояшон зангор бастааст
83:15 Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]. Бе гумон, онон дар он рӯз аз [дидори] Парвардигорашон маҳруманд
83:16 Ва [баъд аз ҳисоб] мусалламан вориди дузах мешаванд
83:17 Онгоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Ин [оташ] ҳамон чизест, ки онро такзиб мекардед»
83:18 Ҳаргиз чунин нест [ки онҳо мепиндоранд]; бе гумон, номаи [аъмоли] накукорон дар «илиййин» аст
83:19 Ва ту чи донӣ, ки «илиййин» чист?
83:20 Китобест, ки [аъмоли бадкорон дар он] навишта шудааст
83:21 Ки муқаррабони [даргоҳи илоҳӣ] бар он ҳозир шаванд [ва гувоҳӣ диҳанд]
83:22 Ҳамоно накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд
83:23 Бар тахтҳо [такя зада ва] менигаранд
83:24 Хуррамӣ ва нишоти неъматро дар чеҳраҳояшон [мебинӣ ва] мешиносӣ
83:25 Онҳо аз шароби ноби муҳршуда [нӯшонида ва] сероб мешаванд
83:26 Муҳре, ки бар он ниҳодашуда аз мушк аст ва дар ин [шароб ва дигар неъматҳои биҳиштӣ] муштоқон [-и раҳмат] бояд бар якдигар пешӣ гиранд
83:27 Ва омезааш аз тасним аст
83:28 [Ҳамон] чашмае, ки муқаррабон [-и даргоҳи илоҳӣ] аз он менӯшанд
83:29 Ҳамоно касоне, ки ҷурму гуноҳ карданд, пайваста [дар дунё] бар касоне, ки имон оварда буданд, механдиданд
83:30 Ва ҳар гоҳ [муъминон] аз канорашон мегузаштанд, бо чашму абрӯ ба ҳам ишора мекарданд [ва ононро ба сухрия мегирифтанд]
83:31 Ва чун ба сӯйи хонаводаи худ бозмегаштанд, [ба хотири тамасхури муъминон] шодмону хандон буданд
83:32 Ва ҳангоме ки муъминонро медиданд, мегуфтанд: «Бе гумон, инон гумроҳонанд»
83:33 Дар ҳоле ки онон барои муроқибат [ва нигаҳбонӣ] бар муъминон фиристода нашуда буданд