>

Маркази тарҷумаи Равод — 587

82:1 Он гоҳ ки осмон шикофта шавад

82:2 Он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд]

82:3 Ва он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд

82:4 Ва он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад

82:5 [Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]

82:6 Эй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?

82:7 Он [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст

82:8 Ва ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд

82:9 Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед

82:10 Ва бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд

82:11 Ки нависандагоне бузургворанд

82:12 Он чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд]

82:13 Мусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд

82:14 Ва яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд

82:15 Рӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд]

82:16 Ва ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд

82:17 Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

82:18 Боз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист?

82:19 Рӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст

83:1 Вой бар камфурӯшон!

83:2 Касоне, ки чун [барои худ] аз мардум паймона мекунанд, ҳаққи худро комил мегиранд

83:3 Ва ҳангоме ки [мехоҳанд] барои онон паймона ё вазн кунанд, кам мегузоранд

83:4 Оё онҳо гумон намекунанд, ки [қиёмат фаро мерасад ва аз қабрҳо] барангехта мешаванд