>

Маркази тарҷумаи Равод — 586

80:41 Сиёҳӣ [ва торикӣ] онҳоро пӯшонидааст

80:42 Инон ҳамон кофирони бадкирдоранд

81:1 Он гоҳ ки хуршед дар ҳам печида [ва торик] гардад

81:2 Ва он гоҳ ки ситорагон бефурӯғ шаванд

81:3 Ва он гоҳ ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд

81:4 ва он гоҳ ки модашутурони бордор раҳо шаванд

81:5 Ва он гоҳ ки ҳайвоноти ваҳшӣ [дар канори инсон] гирд оварда шаванд

81:6 Ва он гоҳ ки дарёҳо [ҷӯшону] барафрӯхта шаванд

81:7 Ва он гоҳ ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад

81:8 Ва он гоҳ ки аз духтари зиндабагуршуда пурсида шавад

81:9 [Ки] Ба кадомин гуноҳ кушта шудааст

81:10 Ва он гоҳ ки номаҳо [-и аъмол] кушода шавад

81:11 Ва он гоҳ ки парда аз рӯи осмон баргирифта шавад

81:12 Ва он гоҳ ки дузах афрӯхта [ва шуълавар] гардад

81:13 Ва он гоҳ ки биҳишт [барои парҳезкорон] наздик оварда шавад

81:14 [Дар он ҳангом] Ҳар кас хоҳад донист, ки чи чизе [барои охирати худ] омода кардааст

81:15 Пас, савганд ба ситорагоне, ки [ба ҷойгоҳи худ] бозмегарданд

81:16 [Шитобон] Ҳаракат мекунанд [ва аз назар] пинҳон мешаванд

81:17 Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [торикиаш коста шавад ва] пушт кунад

81:18 Ва савганд ба субҳ, ҳангоме ки бидамад

81:19 Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба Паёмбар ба уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст

81:20 [Ҳамон фариштае] Ки [муқтадир ва] неруманд аст ва назди [Аллоҳи] соҳиби Арш мақоми волое дорад

81:21 [Дар малакути аъло ва олами фариштагон] Аз ӯ фармон мебаранд ва амин [-и ваҳй] аст

81:22 [Эй мардум] Ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест

81:23 Ва бе тардид, [Муҳаммад] ӯ [Ҷабраил]-ро дар уфуқи равшан дидааст

81:24 Ва ӯ бар [иблоғи он чи аз тариқи] ғайб [ба вай ваҳй мегардад] бахил нест

81:25 Ва ин [Қуръон] гуфтаи шайтони рондашуда нест

81:26 Пас, ба куҷо меравед?

81:27 Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест

81:28 Барои ҳар як аз шумо, ки бихоҳад роҳи рости [ҳақро] дар пеш гирад

81:29 Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад