Маркази тарҷумаи Равод — 585
80:1 [Паёмбар] чеҳра дар ҳам кашид ва рӯй баргардонд
80:2 Аз ин ки он нобино [Абдуллоҳ ибни Умми Мактум] наздаш омад
80:3 Ва [эй Паёмбар] ту чи медонӣ? Чи басо ӯ [аз гуноҳонаш] пок шавад
80:4 Ё панд гирад ва ин панд ба судаш бошад
80:5 Аммо он ки [аз имон] бениёзӣ меварзад
80:6 Пас, ту ба ӯ рӯ меоварӣ
80:7 Дар ҳоле ки агар ӯ худро [аз куфр] пок насозад, эроде бар ту нест
80:8 Аммо касе, ки шитобон ба суроғи ту меояд
80:9 Ва [аз Аллоҳ таоло] метарсад
80:10 Пас, ту аз ӯ ғофил мешавӣ [ва ба дигарон мепардозӣ]
80:11 Ҳаргиз чунин нест; бе гумон, ин [оёт барои] тазаккур ва ёдоварӣ аст
80:12 Пас, ҳар ки бихоҳад, аз он панд гирад
80:13 Дар саҳифаҳои арҷманде [сабт] аст
80:14 [Дар ҷойгоҳе] Баландпоя ва покиза [аз палидӣ]
80:15 Дар дасти сафирон [-и ваҳй] аст
80:16 [Ки] бузургвору накукоранд
80:17 Марг бар инсон [-и кофир, ки] чи қадар носипос аст!
80:18 [Аллоҳ таоло] Ӯро аз чи чиз офаридааст?
80:19 Ӯро аз нутфа [-и ночизе] офарид ва сипас мавзунаш сохт
80:20 Он гоҳ роҳро барояш осон намуд
80:21 Он гоҳ [пас аз поёни умр] ӯро миронд ва дар қабр [пинҳон] намуд
80:22 Сипас ҳар гоҳ бихоҳад, ӯро [зинда мекунад ва] бармеангезад
80:23 Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ мепиндорад]. Ӯ ҳанӯз он чиро, ки [Аллоҳ таоло] фармон дода, ба ҷой наовардааст
80:24 Пас, инсон бояд ба ғизои хеш [ва офариниши он] бингарад
80:25 Мо оби фаровон [аз осмон] фуру рехтем
80:26 Сипас заминро аз ҳам шикофтем
80:27 Он гоҳ дар он дона [-ҳои фаровон] рӯёнидем
80:28 Ва ангуру сабзӣ [хӯрокии бисёр]
80:29 Ва зайтуну нахл
80:30 Ва боғҳое [анбуҳ ва] пурдарахт
80:31 Ва [анвои] мева ва алаф [падид овардем]
80:32 [Ҳамаи инҳо] Барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст
80:33 Пас, ҳангоме ки [он] садои боҳайбати [-и қиёмат] фаро расад
80:34 Рӯзе, ки инсон аз бародараш мегурезад
80:35 Ва аз модараш ва аз падараш
80:36 Ва аз занаш ва писаронаш [низ мегурезад]
80:37 Дар он рӯз ҳар касро корест, ки ӯро ба худ машғул медорад
80:38 Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва равшан аст
80:39 [Ба хотири неъмату раҳмати Аллоҳ таоло] хандону шод аст
80:40 Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст