Маркази тарҷумаи Равод — 584
79:17 «Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст
79:18 Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ?
79:19 Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]?
79:20 Пас, [Мусо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод
79:21 Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард
79:22 Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт
79:23 Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод
79:24 Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам»
79:25 Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард
79:26 Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст
79:27 Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ таоло] онро бино кард?
79:28 Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод
79:29 Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид
79:30 Ва заминро баъд аз он густаронид
79:31 Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард
79:32 Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод
79:33 [Ҳамаи инҳо] барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст
79:34 Пас, ҳангоме ки [он] ҳодисаи бузург [-и қиёмат] фаро расад
79:35 Дар он рӯз инсон [тамоми аъмолу] талошҳои худро ба ёд меоварад
79:36 Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мешавад
79:37 Пас, он кас, ки туғён [ва саркашӣ] карда бошад
79:38 Ва зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ дода бошад
79:39 Бе тардид, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст
79:40 Ва аммо касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш бимнок буда ва нафсро аз ҳаво [ва ҳавас] боздошта бошад
79:41 Ҳатман, биҳишт ҷойгоҳи ӯст
79:42 [Эй Паёмбар] Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад?
79:43 Туро бо ёдоварии ин сухан чи кор аст?
79:44 [Саранҷом ва] Мунтаҳои [илми] он назди Парвардигори туст
79:45 Ту, ҳатман, бимдиҳандаи касоне ҳастӣ, ки аз он метарсанд
79:46 Рӯзе, ки [кофирон қиёматро] бубинанд, [чунин эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ [дар дунё] ҷуз як шомгоҳ ё бомдод ба сар набурдаанд