Маркази тарҷумаи Равод — 583
78:31 Бе гумон, барои парҳезкорон комёбӣ [-и бузурге] аст
78:32 Боғҳои [мева] ва токзорҳо
78:33 Ва ҳуроне ҷавон ва ҳамсиннусол
78:34 Ва ҷомҳое лабрез ва паёпай [аз шароби покизаи биҳишт]
78:35 Дар он ҷо на сухани беҳудае мешунаванд ва на дурӯғе
78:36 [Ин] Подош аз ҷониби Парвардигори туст ва атое аз рӯйи ҳисоб
78:37 [Ҳамон] Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи дар миёни онҳост; [ҳамон Аллоҳи] Раҳмон [ки] ҳеҷ кас [дар он рӯз] ёрои сухан гуфтан бо ӯро надорад
78:38 Рӯзе, ки Руҳ [Ҷабраил] ва фариштагон ба саф биистанд, ҳеҷ кас сухан нагӯяд, ҷуз касе, ки Аллоҳи раҳмон ба ӯ иҷозат дода бошад ва [ӯ] сухани дуруст [ва савоб] гӯяд
78:39 Он [рӯз] рӯзи ҳақ аст; пас, ҳар ки хоҳад, роҳи бозгаште ба сӯи Парвардигори худ биҷӯяд
78:40 Ба ростӣ, Мо шуморо аз азобе наздик бим додем: рӯзе, ки инсон он чиро аз қабл бо дастҳои худ фиристодааст, мебинад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок будам [ва барои ҳисоб барангехта намешудам!»
79:1 Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд
79:2 Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд
79:3 Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд
79:4 Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд
79:5 Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд
79:6 Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд
79:7 [Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд
79:8 Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст
79:9 Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст
79:10 [Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем?
79:11 Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]?»
79:12 Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст»
79:13 Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст
79:14 Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд
79:15 [Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
79:16 Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд]