>

Маркази тарҷумаи Равод — 582

78:1 [Кофирон] Дар бораи чи чиз аз якдигар суол мекунанд?

78:2 Аз хабаре бузург

78:3 Ҳамон [хабаре] ки онҳо дар он ихтилоф доранд

78:4 Чунин нест [ки онҳо меандешанд] ба зудӣ хоҳанд донист

78:5 Боз ҳам чунин нест; ба зудӣ хоҳанд донист

78:6 Оё заминро бистаре [барои осоиши шумо] қарор надодем?

78:7 Ва кӯҳҳоро мехҳо [-и он] қарор надодем?

78:8 Ва шуморо ҷуфт [нару мода] офаридем.

78:9 Ва хоби шуморо [мояи] оромишатон қарор додем

78:10 Ва шабро пӯшише [бароятон] қарор додем

78:11 Ва рӯзро [василаи] зиндагӣ ва [касби маош] қарор додем

78:12 Ва бар фарози шумо ҳафт [осмон] муҳкам бино кардем

78:13 Ва [хуршедро] чароғе дурахшон офаридем

78:14 Ва аз абрҳои боронзо обе фаровон фурӯ фиристодем

78:15 То бад-он дона ва гиёҳ бисёр бирӯёнем

78:16 Ва боғҳое пурдарахт [бо он парвариш диҳем]

78:17 Бе гумон, рӯзи доварӣ ваъдагоҳ [-и Мо бо шумо] аст

78:18 Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва шумо гурӯҳ-гурӯҳ [ба маҳшар] меоед

78:19 Ва осмон кушуда мешавад ва ба сурати дарҳои мутааддид дармеояд

78:20 Ва кӯҳҳо ба ҳаракат дармеояд ва ба сурати саробе мешавад

78:21 Ва бе гумон, ҷаҳаннам камингоҳест

78:22 Ва маҳалли бозгаште барои туғёнгарон

78:23 Муддати замоне дароз дар он ҷо бимонанд

78:24 Дар он ҷо [чизи] хунуке намечашанд ва на ошомиданӣ [-и гуворое хоҳанд дошт]

78:25 Ҷуз обе сӯзон ва [моеъе, ки] чирку хун [аст]

78:26 [Ин] Кайфаре аст муносиб ва дархӯр [-и аъмолашон]

78:27 Чаро ки онҳо ҳеҷ умеде ба [рӯзи] ҳисоб надоштанд

78:28 Ва оёти Моро ба шиддат такзиб карданд

78:29 Ва Мо ҳама чизро [дар Лавҳи маҳфуз] шуморишу сабт кардаем

78:30 Пас, [кайфари аъмоли худро] бичашед, ки чизе ҷуз азоб бар шумо намеафзоем