>

Маркази тарҷумаи Равод — 581

77:20 Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем?

77:21 Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем

77:22 То замоне муайян

77:23 Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем

77:24 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

77:25 Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем?

77:26 Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон?

77:27 Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем

77:28 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

77:29 [Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед.

77:30 Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха

77:31 На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад»

77:32 Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад.

77:33 Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд

77:34 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

77:35 Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд

77:36 Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд

77:37 Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон!

77:38 Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем

77:39 Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред

77:40 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

77:41 Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд

77:42 Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд

77:43 [Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед»

77:44 Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем»

77:45 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

77:46 «[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред»

77:47 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

77:48 Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд

77:49 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!

77:50 [Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд?