Маркази тарҷумаи Равод — 580
76:26 Ва [низ] бахше аз шаб барояш саҷда кун [ва намоз бигузор] ва дар бахши баланде аз шаб [қисмати дарози шаб, ки ҳама дар хобанд] Ӯро тасбеҳ гӯй
76:27 Бе гумон, инон [кофирон] дунёи зудгузарро дӯст медоранд ва рӯзи сахте [-ро, ки дар пеш доранд] пушти сари худ раҳо мекунанд [ва ба он аҳамият намедиҳанд]
76:28 Мо онҳоро офаридем ва пайванди вуҷудашонро муҳкам кардем ва ҳар замон, ки бихоҳем, ҷойи ононро ба [гурӯҳи дигаре] монандашон медиҳем
76:29 Бе гумон, ин ёдоварӣ [ва панд] аст, пас, ҳар кас, ки бихоҳад, роҳе ба сӯйи Парвардигораш баргузинад
76:30 Ва шумо чизеро намехоҳед, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
76:31 Ҳар касро, ки бихоҳад, дар раҳмати худ ворид мекунад ва барои ситамгорон азоби дардноке омода кардааст
77:1 Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд
77:2 Ҳамчун тундбод мераванд
77:3 Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд
77:4 Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд
77:5 Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд
77:6 Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор
77:7 Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд
77:8 Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад
77:9 Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
77:10 Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад
77:11 Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад
77:12 Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст?
77:13 Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ]
77:14 Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист?
77:15 Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон!
77:16 Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем?
77:17 Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард
77:18 Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем
77:19 Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!