>

Маркази тарҷумаи Равод — 58

3:62 Ин ҳамон достони ҳақиқӣ [-и Масеҳ] аст ва ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Аллоҳ таоло нест ва бе гумон, Аллоҳ таоло аст, ки шикастнопазир [ва] ҳаким аст

3:63 Пас, агар [аз сухани ҳақ] рӯй гардонанд, [бидон, ки] Аллоҳ таоло аз [ҳоли] муфсидон огоҳ аст

3:64 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ таоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй муъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем"

3:65 Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим муҷодила мекунед; дар ҳоле ки Таврот ва Инҷил баъд аз ӯ нозил шудааст? Оё намеандешед?

3:66 Ҳон! Шумо [аҳли китоб] касоне ҳастед, ки дар бораи он чи нисбат ба он огоҳӣ ва илм доштед, баҳсу ситез мекардед; пас, чаро [инак] дар мавриди чизе, ки бад-он илм надоред [ва дар китобҳоятон наёмадааст], баҳсу ситез мекунед? Дар ҳоле ки Аллоҳ таоло [ҳақоиқи умурро] медонад ва шумо намедонед

3:67 Иброҳим на яҳудӣ буд ва на масеҳӣ; балки ҳақгарои мусулмон буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд

3:68 Ба ростӣ, сазовортарин мардум ба Иброҳим ҳамон касоне ҳастанд, ки аз ӯ пайравӣ кардаанд; ва [аз ҷумла] ин паёмбар [-и шумо-Муҳаммад] ва касоне, ки [мусулмонанд ва ба ӯ] имон овардаанд; ва Аллоҳ таоло [ёру] корсози муъминон аст

3:69 [Эй муъминон] Гурӯҳе аз аҳли китоб орзу мекарданд, кош шуморо гумроҳ мекарданд; дар ҳоле ки ҷуз худашон [касе]–ро гумроҳ намекунанд ва [аммо] намефаҳманд

3:70 Эй аҳли китоб, чаро ба оёти Аллоҳ таоло кофир мешавед, дар ҳоле ки худ [ба дурустии он] гувоҳӣ медиҳед?