Маркази тарҷумаи Равод — 579
76:6 [Аз] Чашмае, ки бандагони [хоси] Аллоҳ таоло аз он менӯшанд, [ҳар вақту] ҳар ҷо бихоҳанд он [чашма]-ро ҷорӣ месозанд
76:7 [Бандагони накукор] Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе метарсанд, ки [азобу] шарри он фарогир аст
76:8 Ва ғизоро бо ин ки [ниёз ва] дӯст доранд, ба мустаманду ятим ва асир мебахшанд
76:9 [Ва дар дил мегӯянд] «Мо фақат ба хотири Аллоҳ таоло ба шумо ғизо медиҳем, на аз шумо подоше мехоҳем ва на сипосе
76:10 Ҳамоно мо аз Парвардигорамон метарсем, [аз азоби] рӯзе, ки туршрӯ ва душвор аст»
76:11 Пас, Аллоҳ таоло ононро аз [сахтӣ ва] шарри он рӯз нигаҳ дошт ва ба эшон хуррамӣ ва шодмонӣ бахшид
76:12 Ва ба [шукронаи] сабре, ки карданд, биҳишт ва [либосҳои] ҳарир [-и биҳиштӣ] ба эшон подош дод
76:13 Дар он ҷо бар тахтҳо [-и зебо] такя кардаанд, на [ҳарорати] офтобе дар он ҷо мебинед ва на [сӯзи] сармое
76:14 Ва сояҳояш бар онон фурӯ афтода ва меваҳояш [барои чидан] дар дастрас аст
76:15 Ва дар гирдогирди эшон зарфҳои симин [-и ғизо] ва косаҳои булурин [-и нӯшиданӣ] гардонида мешавад
76:16 [Косаҳои] Булурине аз нуқра, ки онҳоро ба андозаи муносиб [лабрез ва] омода кардаанд
76:17 Ва дар он ҷо ҷомҳое сероб мешаванд, ки омезааш занҷабил аст
76:18 [Ин ҷомҳо аз] Чашмае пур мегардад, ки дар он ҷо Салсабил номида мешавад
76:19 Ва ҳамвора навҷавононе ҷовидона бар гирдашон мечарханд, ки ҳар гоҳ онҳоро бубинӣ, гумон мекунӣ, ки марвориди пароканда ҳастанд
76:20 Ва чун [ба ҳар самте] бингарӣ, он ҷо неъмати бисёр ва фармонравоии азиме мебинӣ
76:21 Бар онон [биҳиштиён] либосҳое сабзранг аз дебои нозук ва дебои захим [пӯшонида шуда]- аст ва бо дастбандҳое аз нуқра ороста шудаанд ва Парвардигорашон шароби пок ба эшон менӯшонад
76:22 [Ва ба онҳо гуфта мешавад] «Ин [неъматҳо] подоши шумост ва [бидонед, ки] аз саъю кӯшиши шумо қадрдонӣ шудааст»
76:23 [Эй Паёмбар] Яқинан, Мо Қуръонро бар ту тадриҷан нозил кардем
76:24 Пас, бар ҳукми Парвардигорат шикебо бош ва аз ҳеҷ кадом аз гунаҳгорон ва бединонашон фармон мабар
76:25 Ва субҳу шом номи Парвардигоратро ёд кун