Маркази тарҷумаи Равод — 578
75:20 Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мушрикон мепиндоред]! Балки дунё [-и зудгузар]-ро дӯст медоред
75:21 Ва охиратро раҳо мекунед
75:22 Он рӯз чеҳраҳое тоза [ва шодоб] аст
75:23 Ба сӯйи Парвардигораш менигарад
75:24 Ва дар он рӯз чеҳраҳое абус [ва дарҳамкашида] аст
75:25 Яқин дорад, ки осебе камаршикан ба ӯ мерасад
75:26 Оре, чун [ҷон] ба гулугоҳаш бирасад
75:27 Ва гуфта шавад: «Чи касест, ки афсун бихонад? [Ва ӯро наҷот диҳад]
75:28 Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ [аз дунё] аст.
75:29 Ва [кор боло гирад ва] соқҳо[-и пояш аз сахтии ҷон додан] ба ҳам печад.
75:30 Дар он рӯз масири ҳама ба сӯйи Парвардигорат хоҳад буд
75:31 Пас, [мункири меод] на тасдиқ карда ва на намоз гузоридааст
75:32 Балки [Қуръонро] такзиб кард ва [аз имон] рӯ гардонд
75:33 Сипас хиромон ба сӯйи хонаводааш бозгашт
75:34 Вой бар ту! Пас, вой бар ту!
75:35 Боз ҳам вой бар ту! Пас, вой бар ту!
75:36 Оё инсон гумон мекунад, ки [бе ҳадаф ва бидуни ҳисоб ва ҷазо] ба худ раҳо мешавад?
75:37 Оё [ӯ] нутфае аз манӣ набуд, ки [дар раҳим] рехта мешавад?
75:38 Он гоҳ ба сурати хуни баста даромад ва [Аллоҳ таоло ӯро] офарид ва дурусту устувор сохт
75:39 Сипас аз ӯ ду завҷи нару мода падид овард
75:40 Оё [чунин Офаридгоре] қодир нест, ки мурдагонро [дубора] зинда кунад?
76:1 Яқинан, замони тӯлоние бар инсон гузашт, ки чизе [муҳимму] қобили зикр набуд
76:2 Ба ростӣ, Мо инсонро аз нутфаи мухталит [омехта]-е офаридем, ӯро меозмоем. Пас, ӯро шунавову бино қарор додем
76:3 Ҳамоно Мо роҳро ба ӯ нишон додем, хоҳ сипосгузор бошад ё носипос
76:4 Ба ростӣ, Мо барои кофирон занҷирҳо ва бандҳо ва оташи сӯзон муҳайё кардаем
76:5 Бе гумон, накукорон [дар биҳишт] аз ҷоме менӯшанд, ки омехта ба кофур аст