>

Маркази тарҷумаи Равод — 576

74:19 Пас, марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?

74:20 Боз [ҳам] марг бар ӯ бод! Чи гуна андоза [ва муҳосиба] кард?

74:21 Сипас назар афканд

74:22 Он гоҳ чеҳра дар ҳам кашид ва рӯ турш кард

74:23 Сипас [ба ҳақ] пушт намуд ва такаббур варзид

74:24 Он гоҳ гуфт: «Ин [Қуръон] чизе ҷуз ҷодуе, ки [аз дигарон] омӯхта шуда, нест

74:25 Ва ин [чизе] ҷуз гуфтори башар нест»

74:26 Ба зудӣ ӯро ба дузах дархоҳам овард

74:27 Ва ту чи донӣ, ки дузах чи гуна аст?

74:28 [Оташи сӯзонест, ки] На [чизеро] боқӣ мегузорад ва на [чизеро] раҳо мекунад

74:29 Пӯстро [дигаргун карда] месӯзонад

74:30 Бар он [оташ] нуздаҳ [фаришта] гуморида шудааст.

74:31 Мо маъмурони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем ва шумори онҳоро танҳо барои озмоиши кофирон муайян кардаем, то аҳли китоб яқин кунанд ва касоне, ки имон овардаанд, бар имони худ бияфзоянд ва аҳли китоб ва муъминон гирифтори шакку тардид нашаванд ва то касоне, ки дар дилҳояшон мараз аст ва [низ] кофирон бигӯянд: «Аллоҳ таоло аз ин масал [ва тавсиф] чи хостааст?». Бад-ин гуна, Аллоҳ таоло ҳар касро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва [шумори] лашкариёни Парвардигоратро [касе] ҷуз Ӯ намедонад ва ин ҷуз панду андарзе барои инсонҳо нест

74:32 Оре, савганд ба моҳ [ки ҳаргиз чунин нест, ки онон тасаввур мекунанд]

74:33 Ва [савганд ба] шаб ҳангоме ки пушт кунад

74:34 Ва ба субҳ ҳангоме ки равшан шавад

74:35 Ки он [оташи дузах] яке аз [азобҳои] бузург [ва ҳавлнок] аст

74:36 Барои инсон бимдиҳанда аст

74:37 Барои касе аз шумо, ки бихоҳад [бо корҳои наку] пеш афтад, ё [бо гуноҳ кардан] ақиб бимонад

74:38 Ҳар кас дар гарави аъмоли хеш аст

74:39 Магар асҳоби ямин [муъминон]

74:40 Ки дар боғҳо [-и биҳишт] ҳастанд ва мепурсанд

74:41 аз гунаҳгорон:

74:42 «Чӣ чиз шуморо ба дузах даровард?

74:43 [Дузахиён] Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем

74:44 Ва бенаво[-ён]-ро итъом намекардем

74:45 Ва пайваста ҳамроҳи ёвагӯён [ва аҳли ботил] ҳамсадо мешудем

74:46 Ва ҳамвора рӯзи ҷазоро такзиб мекардем

74:47 То замоне, ки марг ба суроғамон омад