Маркази тарҷумаи Равод — 575
73:20 [Эй Паёмбар] Яқинан Парвардигорат медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онҳо, ки бо ту ҳастанд, наздики ду савуми шаб [аз cе ду ҳиссаи шаб] ва [ё] нисф [ё] як савум [сеяк]-и онро ба [намоз] бармехезед. Ва Аллоҳ таоло шабу рӯзро андозагирӣ мекунад. [Ӯ] Медонад, ки шумо наметавонед шумориши онро [дақиқ] муҳосиба кунед, пас, шуморо бахшид. Пас, акнун ҳар чи [барои шумо] муяссар бошад, аз Қуръон бихонед. [Аллоҳ таоло] Медонад, ки бархе аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе [дигар] барои ба даст овардани фазлу неъмати Аллоҳ таоло дар замин сафар мекунанд ва гурӯҳе [низ] дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод мекунанд, пас, он чи муяссар бошад, аз он бихонед ва намоз барпо доред ва закот диҳед ва ба Аллоҳ таоло қарзи наку диҳед ва [бидонед, ки] он чи аз корҳои хайр пешопеш барои худ мефиристед, [онро] назди Аллоҳ таоло ба беҳтарин ваҷҳ ва бузургтарин подош хоҳед ёфт ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, ки ҳамоно Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
74:1 Эй ҷомабарсаркашида!
74:2 Бархез ва бим деҳ!
74:3 Ва Парвардигоратро бузург шумор!
74:4 Ва ҷомаро покиза бидор!
74:5 Ва аз палидӣ дурӣ кун!
74:6 Барои ин базлу бахшиш макун, ки афзунталабӣ кунӣ
74:7 Ва барои [хушнудии] Парвардигорат шикебо бош
74:8 Пас, ҳангоме ки дар «сур» дамида шавад
74:9 Он рӯз рӯзи сахт [ва душворе] аст
74:10 Бар кофирон осон нест
74:11 [Эй Паёмбар] Маро бо касе, ки ӯро танҳо [ва бидуни амволу авлод] офаридаам, вогузор
74:12 [Ҳамон касе, ки] моли фаровоне барояш қарор додам
74:13 Ва фарзандоне, ки ҳамеша [дар хидмати ӯ ва] бо ӯ ҳастанд
74:14 Ва ҳамаи васоил [ва имконоти] зиндагиро дар ихтиёраш қарор додам
74:15 Боз [ҳам] тамаъ дорад, ки [бар он] биафзоям
74:16 Ҳаргиз [чунин нахоҳад шуд]! Бе гумон, ӯ нисбат ба оёти Мо душманӣ дорад
74:17 Ва ба зудӣ ӯро ба машаққату сахтӣ меандозам
74:18 Зеро ӯ [барои мубориза бо Қуръон] андешид ва муҳосиба кард