Маркази тарҷумаи Равод — 574
73:1 Эй ҷомабахудпечида!
73:2 Шабро – ҷуз андаке – ба по хез [ва ибодат кун]
73:3 Нимае аз онро ё андаке аз он кам кун
73:4 Ё андаке бар [нисфи] он биафзо ва Қуръонро бо тартил [-у тааммул] бихон
73:5 Яқинан Мо ба зудӣ сухане сангин бар ту нозил хоҳем кард
73:6 Бе гумон, шабзиндадорӣ [бар нафс] душвор аст ва барои гуфтор [ва ниёиш] муносибтар ва устувортар аст
73:7 Ва яқинан ту дар рӯз машғулияти бисёр дорӣ
73:8 Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва танҳо ба Ӯ дил бибанд
73:9 [Ҳамон] Парвардигори машриқу мағриб, ки маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест. Пас, Ӯро корсоз [-у нигаҳбони худ] баргузин
73:10 Ва бар он чи [мушрикон] мегӯянд, шикебо бош ва ба шеваи наку [ва шоиста] аз онон дурӣ кун
73:11 Ва маро бо ин такзибкунандагони бархурдор аз неъмат вогузор ва ба онон каме муҳлат деҳ
73:12 Бе гумон, назди Мо қайд [-у бандҳо]-и сангин ва [оташи] дузах аст
73:13 Ва таоме гулугир ва азобе дарднок
73:14 Рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза дарояд ва кӯҳҳо [муталошӣ шаванд ва] ҳамчун тӯдаи реги нарм [равон] гарданд
73:15 Яқинан, Мо Паёмбаре ба сӯйи шумо фиристодем, ки бар шумо шоҳид [ва гувоҳ] аст, ҳамон гуна ки ба сӯйи Фиръавн паёмбаре фиристодем
73:16 Он гоҳ Фиръавн аз он паёмбар нофармонӣ [ва бо ӯ мухолифат] кард ва Мо ӯро ба сахтӣ муҷозот кардем
73:17 Пас, агар кофир шавед, чи гуна худро [аз азоб] дар амон медоред, [дар] рӯзе, ки кӯдаконро пир мекунад?
73:18 [Дар он рӯз] Осмон шикофта мешавад [ва] ваъдаи Ӯ, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад.
73:19 Бе гумон, ин [оёт] панд [-у ҳушдоре] аст, то ҳар ки бихоҳад, ба сӯи Парвардигори худ роҳе дар пеш гирад