Маркази тарҷумаи Равод — 573
72:14 Ва ин ки гурӯҳе аз мо мусулмон ва гурӯҳе кофир [ва золим] ҳастанд. Пас, ҳар кас, ки ислом оварда, ононанд, ки роҳи растагориро ҷустуҷу карда [ва баргузида]-анд
72:15 Ва аммо кофирон [ва ситамгорон] ҳезуми [оташи] ҷаҳаннам хоҳанд буд
72:16 Ва ин ки агар онҳо бар роҳи рост пойдорӣ кунанд, албатта, бо оби фаровон серобашон мекунем
72:17 То онҳоро бо он [неъматҳо] биозмоем. Ва ҳар кас аз ёд [-у зикри] Парвардигораш рӯ бартобад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба азобе сахт гирифтор месозад
72:18 Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ таоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ таоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед
72:19 Ва ин ки ҳангоме ки бандаи Аллоҳ таоло [Муҳаммад] қиём кард, то Ӯро бихонад [ва ибодат кунад], наздик буд, ки [аз издиҳом бар гирди ӯ] бар сари ҳам фурӯ резанд»
72:20 [Эй паёмбар, ба онҳо] Бигӯ: «Ман танҳо Парвардигорамро мехонам ва касеро бо Ӯ шарик намесозам»
72:21 Бигӯ: «Бе гумон, ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ва на хайру суде»
72:22 Бигӯ: «[Агар ман низ бар хилофи фармонаш рафтор кунам] ҳеҷ кас маро дар баробари Ӯ ҳимоят намекунад ва паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбам
72:23 [Вазифаи ман] Танҳо иблоғе аз ҷониби Аллоҳ таоло ва [расонидани] паёмҳои ӯст. Ва ҳар кас аз Аллоҳу паёмбараш нофармонӣ кунад, бе гумон, оташи ҷаҳаннам аз они Ӯст, ҷовидона дар он хоҳад монд»
72:24 [Кори кофирон ҳамчунон идома дорад] То замоне, ки он чиро ба онҳо ваъда дода шуда, бубинанд. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чи касе ёвараш нотавонтар ва ҷамъияташ камтар аст
72:25 [Эй паёмбар] Бигӯ: «Ман намедонам, оё он чи ки ба шумо ваъда дода шуда, наздик аст ё Парвардигорам замоне [дур] барои он қарор медиҳад»
72:26 [Аллоҳ таоло] Донои ғайб аст ва ҳеҷ касро бар [асрори] ғайби худ огоҳ намесозад
72:27 Магар расулоне, ки ононро писандида [ва баргузида] аст. Пас, бе гумон, аз пеши рӯйи ӯ ва пушти сараш нигаҳбоне [аз фариштагон барои муҳофизат аз вай] мегуморад
72:28 То бидонад, ки [паёмбарон] рисолатҳои Парвардигорашонро иблоғ кардаанд ва [Аллоҳ таоло] ба он чи назди онҳост иҳота дорад ва ҳар чизеро ба адад баршумурдааст