Маркази тарҷумаи Равод — 572
72:1 [Эй паёмбар] Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷинниён [ба ин Қуръон] гӯш фаро додаанд, пас, гуфтанд: «Бе гумон, мо Қуръоне шигифтовар шунидем
72:2 Ки ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро бо Парвардигорамон шарик қарор намедиҳем
72:3 Ва ин ки шаъну азамати Парвардигорамон бас [азиму] баланд аст. Ӯ [ҳаргиз барои худ] ҳамсару фарзанде интихоб накардааст
72:4 Ва ин ки сафеҳ [-у нодон]-и мо [шайтон] дар бораи Аллоҳ таоло суханони норавое мегуфт
72:5 Ва мо [чунин] гумон мекардем, ки ҳаргиз инсу ҷин бар Аллоҳ таоло дурӯғ намебанданд
72:6 Ва ин ки мардоне аз одамиён ба мардоне аз ҷинниён паноҳ мебурданд ва [бад-ин васила] бар гумроҳӣ ва саркашии эшон меафзуданд
72:7 Ва ин ки онон [кофирон] гумон мекарданд – ҳамон гуна ки шумо [ҷинниён] мепиндоштед – ки Аллоҳ таоло ҳеҷ касро [дубора] зинда намегардонад
72:8 Ва ин ки мо осмонро ҷустуҷӯ кардем, пас, онро пур аз муҳофизони неруманд ва тирҳои шиҳоб ёфтем
72:9 Ва ин ки дар [осмон] барои шунидан ба камин менишастем, [аммо] акнун ҳар ки бихоҳад ба гӯш бошад, тири шиҳобе дар камини худ меёбад
72:10 Ва ин ки мо намедонем, оё барои аҳли замин шарре ирода шуда, ё Парвардигорашон хайру ҳидояти эшонро хостааст
72:11 Ва ин ки дар миёни мо афроде солеҳ ва афроде нодуруст, мо гурӯҳҳое мутафовит [ва гуногун] ҳастем
72:12 Ва ин ки мо яқин дорем, ки ҳаргиз наметавонем дар рӯйи замин Аллоҳро оҷизу нотавон кунем ва ҳаргиз бо гурез наметавонем, Ӯро нотавон созем [ва роҳи фироре надорем]
72:13 Ва ин ки мо ҳангоме ки [сухани] ҳидоятро шунидем, ба он имон овардем. Пас, ҳар касе, ки ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон меҳаросаду на аз ситам [бим дорад]