>

Маркази тарҷумаи Равод — 571

71:11 То аз осмон [борони] паёпай бар шумо бифиристад

71:12 Ва шуморо бо амволу фарзандони бисёр ёрӣ кунад, ба шумо боғҳои [сарсабз] бидиҳад ва бароятон ҷӯйборҳо[-и ҷорӣ] қарор диҳад

71:13 Шуморо чи шудааст, ки барои Аллоҳ таоло азамат [-у шукӯҳ] қоил нестед?

71:14 Дар ҳоле ки шуморо дар мароҳили гуногун офарид

71:15 Оё намебинед, чи гуна Аллоҳ таоло ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид?

71:16 Ва моҳро дар миёни осмонҳо мояи рӯшноӣ қарор дод ва хуршедро чароғи [фурӯзоне] гардонид?

71:17 Ва Аллоҳ таоло шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рӯёнид

71:18 Сипас шуморо ба он [замин] бозмегардонад ва бори дигар шуморо берун меоварад

71:19 Ва Аллоҳ таоло заминро барои шумо густурда сохт

71:20 То аз роҳҳои паҳновари он [ба сӯйи мақсади худ] рафтуомад кунед»

71:21 Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, онҳо аз ман нофармонӣ намуданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш чизе ҷуз зиёнкорӣ бар ӯ наафзудааст

71:22 Ва [он пешвоёни гумроҳ] найранги бузурге ба кор бурданд

71:23 Ва гуфтанд: «Маъбудони худро раҳо накунед ва [ба хусус] «Вадда» ва «Сувоъ» ва «Яғус» ва «Яъуқ» ва «Наср»-ро [раҳо накунед]

71:24 Ба ростӣ, онҳо бисёреро гумроҳ карданд ва [ту эй Парвардигор] ситамгоронро ҷуз гумроҳӣ маафзой»

71:25 [Саранҷом онон] Ба кайфари гуноҳонашон [ҳамагӣ] ғарқ шуданд, пас, дар оташ [-и дузах] дароварда шуданд ва дар баробари [азоби] илоҳӣ ёвар [-у мададгоре] барои худ наёфтанд

71:26 Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯйи замин боқӣ магузор

71:27 Чаро ки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз [насле] бадкор ва кофир ба вуҷуд намеоваранд

71:28 Парвардигоро, маро ва падару модарам ва ҳар он касеро, ки бо имон вориди хонаи ман мешавад ва [тамоми] мардони муъмин ва занони муъминро биёмурз ва ситамгоронро ҷуз ҳалокат [ва нобудӣ] маафзо»