Маркази тарҷумаи Равод — 570
70:41 Бар ин ки [касони дигаре] беҳтар аз эшонро ҷойгузин кунем ва Мо [барои анҷоми ин кор] дармонда ва нотавон нестем
70:42 Пас, [эй Паёмбар] ононро ба ҳоли худ вогузор, то дар ботили худ фуру раванд ва бозӣ кунанд, то ба рӯзе бирасанд, ки бад-эшон ваъда дода шудааст
70:43 [Ҳамон] Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо хориҷ мешаванд, гӯӣ ба сӯйи бутҳо медаванд
70:44 [Дар ҳоле ки] Чашмҳояшон [аз шарму ваҳшат] ба зер афтода ва зиллат [-у хорӣ] ононро пӯшидааст. Ин ҳамон рӯзест, ки ба эшон ваъда дода мешавад
71:1 Бе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон]
71:2 [Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам
71:3 Ки Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
71:4 [Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед»
71:5 Ва Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам
71:6 Вале даъвати ман ҷуз ба гурезашон [аз ҳақ] наафзуд
71:7 Ва ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд
71:8 Он гоҳ онҳоро бо садои баланд [ва ошкор] даъват кардам
71:9 Он гоҳ ошкоро барояшон гуфтам ва дар ниҳон барои [ҳар кадом аз] онон баён кардам
71:10 Пас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст