>

Маркази тарҷумаи Равод — 57

3:53 Парвардигоро, ба он чи нозил кардаӣ, имон овардем ва аз фиристода [-и Ту] пайравӣ намудем; пас, моро дар зумраи гувоҳон [ба ҳақ ва муъминон ба паёмбарат] бинавис"

3:54 [Пас аз муддате кофирони Бани Исроил барои куштани Исо] Макр варзиданд ва Аллоҳ таоло [низ дар посухашон] макр намуд ва Аллоҳ таоло бехтарин макрангезон аст

3:55 [Ёд кун аз] Ҳангоме ки Аллоҳ таоло [ба Исо] фармуд: "Эй Исо, ман туро бармегирам ва ба сӯйи хеш боло мебарам ва туро аз [олоишу туҳмати] касоне, ки куфр варзиданд, пок мегардонам ва то рӯзи растохез касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд [ва ба Муҳаммад имон оварданд], бартар аз касоне қарор медиҳам, ки куфр варзиданд. Сипас бозгаштатон ба сӯйи ман аст; он гоҳ дар [мавриди] он чи дар он ихтилоф мекардед, миёнатон доварӣ мекунам

3:56 Аммо касоне, ки куфр варзиданд, дар дунё ва охират ба азоби сахт муҷозоташон мекунам ва ёвароне нахоҳанд дошт

3:57 Ва аммо касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, [Аллоҳ таоло] подошашонро ба таври комил ба эшон хоҳад дод; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро дӯст намедорад

3:58 [Эй паёмбар] Инҳо, ки [аз моҷарои Исо] бар ту мехонем, аз нишонаҳо [-и равшан аст далолаткунанда бар ростгӯии ту ва дурустии ин] андарзи ҳикматомез [Қуръон]

3:59 Дар ҳақиқат, масали Исо назди Аллоҳ таоло ҳамчун масали [офариниши] Одам аст, [ки] ӯро аз хок офариду сипас ба ӯ фармуд: "Бош"; пас, [бедиранг] мавҷуд шуд

3:60 [Он чи дар бораи Исо баён кардем] Ҳақиқате аз ҷониби Парвардигори туст; пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон мабош

3:61 Пас, [эй паёмбар] ҳар ки [аз масеҳиёни Наҷрон] пас аз он донише, ки дар бораи ӯ [Исо] бароят [ҳосил] омадааст, бо ту баҳсу ҷадал кунад, [ба онҳо] бигӯ: "Биёед [ҳамагиро] фаро бихонем: писарони мову писарони шумо ва занони мову занони шумо ва худи мову шумо [низ ҳозир шавем]; сипас ба [даргоҳи илоҳӣ тазарруъ ва] дуо кунем ва лаънати Аллоҳро бар дурӯғгӯён қарор диҳем"