>

Маркази тарҷумаи Равод — 569

70:11 [Дар ҳоле ки] Онон ба якдигар нишон дода мешаванд, гунаҳгор [дӯст дорад ва] орзу мекунад, ки фарзандони худро дар баробари [раҳоӣ аз] азоби он рӯз бидиҳад

70:12 Ва [ҳамчунин] ҳамсару бародарашро

70:13 ва қабилаашро, ки [ҳамеша] ба ӯ ҷо ва паноҳ медод

70:14 Ва [ҳамчунин] ҳамаи онҳоеро, ки рӯйи замин ҳастанд, [фидо кунад] то наҷот ёбад

70:15 [Аммо] Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, он шуълаҳои [оташи] сӯзон аст

70:16 [Ки] пӯст аз сар бармеканад

70:17 Касонеро, ки [ба фармони Аллоҳ таоло] пушт карданд ва [аз ҳақ] рӯй гардониданд, [ба сӯи худ] фаро мехонад

70:18 Ва [низ касонеро, ки] амволро ҷамъоварӣ ва захира карданд [ва ҳаққи онро напардохтанд]

70:19 Яқинан, инсон камтоқат [-у ҳарис] офарида шудааст

70:20 Ҳар гоҳ бадӣ [ва мусибате] ба ӯ расад, бетобӣ мекунад

70:21 Ва ҳар гоҳ хубӣ ба ӯ расад, боздоранда [ва бахил] мегардад

70:22 Магар намозгузорон

70:23 Ҳамон касоне, ки бар намозҳояшон ҳамеша пойдорӣ мекунанд.

70:24 Ва касоне, ки дар амволашон ҳаққи [муайяну] маълуме ҳаст

70:25 Барои мустаманд ва маҳрум

70:26 Ва [ҳамон] касоне, ки рӯзи ҷазоро тасдиқ мекунанд

70:27 Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон метарсанд

70:28 [Чаро ки] Бе гумон, аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд

70:29 Ва касоне, ки шармгоҳҳояшонро нигаҳ медоранд

70:30 Магар бо ҳамсарону канизоне, ки молики онҳо ҳастанд, ки [дар ин сурат] сарзанише бар онҳо нест

70:31 Пас, ҳар кас фаротар аз инҳоро бихоҳад, онон мутаҷовизон ҳастанд

70:32 Ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳояшонро риоя мекунанд

70:33 Ва касоне, ки ба шаҳодатҳои худ мутааҳҳиданд

70:34 Ва касоне, ки бар намозашон пойдорӣ мекунанд

70:35 Инон дар боғҳо [-и биҳишт] гиромӣ дошта мешаванд

70:36 Пас, [эй Паёмбар] кофиронро чи шудааст, ки ба сӯйи ту мешитобанд?

70:37 [Ва] Аз росту чап гурӯҳ-гурӯҳ [ҳуҷум меоваранд?]

70:38 Оё ҳар кадом аз онҳо [бо он аъмоли нописандашон] тамаъ доранд, ки дар биҳишти пурнеъмат [-и илоҳӣ] дароварда шаванд?

70:39 Ҳаргиз чунин нест! Бе гумон, Мо онҳоро аз он чи [худ] медонанд, офаридаем

70:40 Пас, ба Парвардигори машриқҳо ва мағрибҳо савганд мехӯрам, ки Мо яқинан қодирем