Маркази тарҷумаи Равод — 568
69:36 Ва ғизое ба ҷуз чирку хун надорад
69:37 [Ғизое, ки] Ҷуз гунаҳгорон онро намехӯранд»
69:38 Пас, савганд ба он чи мебинед
69:39 Ва ба он чи намебинед
69:40 Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба паёмбар бар уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст
69:41 Ва инҳо гуфтори шоире нест, [аммо шумо кофирон] камтар имон меоваред
69:42 Ва [низ] гуфтори коҳине нест, [аммо шумо] камтар панд мегиред.
69:43 Аз сӯйи Парвардигори ҷаҳониён нозил шудааст
69:44 Ва агар [паёмбар] суханон [-и дурӯғ] бар Мо мебаст
69:45 Мусалламан, Мо дасти рости ӯро мегирифтем
69:46 Сипас [шоҳ] раги қалбашро қатъ мекардем
69:47 Ва ҳеҷ як аз шумо наметавонист монеъ [-и азоб]-и ӯ гардад
69:48 Яқинан, ин [Қуръон] панду тазкире барои парҳезкорон аст
69:49 Ва Мо яқинан, медонем, ки бархе аз шумо такзибкунандагон [-и ин каломи илоҳӣ] ҳастед
69:50 Ва ҳамоно ин [Қуръон] бар кофирон мояи ҳасрату надомат аст
69:51 Ва бе гумон, ин [Қуръон] ҳақиқати ростин аст
69:52 Пас, [эй паёмбар] бо [зикри] номи Парвардигори бузургат [Ӯро] тасбеҳ гӯй
70:1 Дархосткунандае [ба тамасхур] тақозои азоберо кард, ки вуқуаш [дар қиёмат] ҳатмӣ аст
70:2 [Ин азоб] Барои кофирон аст [ва] ҳеҷ дафъкунандае надорад
70:3 Аз сӯйи Аллоҳ таоло [ба вуқуъ мепайвандад, ки] соҳиби маротиб ва дараҷоти волост
70:4 Фариштагон ва Руҳ [Ҷабраил] ба сӯйи Ӯ уруҷ мекунанд, дар рӯзе, ки миқдораш [дар миқёси башарӣ] панҷоҳ ҳазор сол аст
70:5 Пас, ту [эй Паёмбар, дар баробари тамасхури эшон] сабри наку пеша кун
70:6 Бе гумон, онҳо он [рӯз]-ро дур мебинанд
70:7 Ва Мо онро наздик мебинем
70:8 [Ҳамон] Рӯзе, ки осмон чун миси гудохта шавад
70:9 Ва кӯҳҳо монанди пашми рангин [муталошӣ ва пароканда] шавад
70:10 Ва ҳеҷ дӯсти самимӣ [ва хешованде] аз [ҳоли] дӯсти самимӣ [ва хешовандаш] намепурсад